Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

§ 5.7. Ҳамгироии кишварҳои қитъаи Африка

Дар ҳисоботи Хазинаи Байналмилалии Асъор (IMF, 1994) зикр гардида буд, ки баъд аз бунёди Иттиҳоди Иқтисодии Европа солҳои 1960 дар тамоми қитъаҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Африка ҳамгироии иқтисодии давлатҳо хеле муташаккилона ва бо суръати ниҳоят баланд ба роҳ монда шуда буд.

Овозаҳои пешрафти иқтисодии давлатҳои Европа, ки омили асосии муваффақиятҳои онҳо дар раванди ҳамгироӣ ба шумор мерафт, солҳои 1960 то қитъаи Африка расид. Дар ин давра дар тамоми қитъаи Африка муборизаҳои озодихоҳӣ барои ба даст овардани истиқлолият ва бунёди давлатҳои мустақил авҷ гирифтанд. Аз рӯзҳои аввали истиқлолият баҳри ба роҳ мондани саноати маҳаллӣ ва таъмини аҳолӣ бо кору маводи хӯрока давлатҳои навбунёди қитъаи Африка ба барқарор намудани робитаҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, бо давлатҳои ҳамсояи наздик саъю кӯшиш менамуданд. Аммо ин мақсад дар бисёр ҳолатҳо бо сабаби набудани робитаҳои истеҳсолӣ, вуҷуд надоштани роҳҳои нақлиёт иҷро намегардид.

Давлатҳои навбунёди Африка дар ин давра хеле заиф буданд ва барои ҳамкориҳои иқтисодӣ шароити муносиб надоштанд. Қариб ҳамаи давлатҳои Африка заминаи тараққиёти худро дар соҳаи кишоварзӣ ва боигарии табиии мамлакат медиданд, ки маҳсулоти ин ду соҳа асоси содироти давлат ва манбаи асосии даромади буҷет ҳисоб мерафт.

Истеҳсолоти мавҷудаи баъзе аз ин мамлакатҳо ниҳоят фарсуда шуда буд, бинобар ин раванди ҳамгироӣ дар Африка аз ҷиҳати маҳдудияти ҳамкории гуногунсоҳа он қадар пеш намерафт. Бо вуҷуди ин давлатҳои ҳамсояи Африка роҳҳои гуногуни ҳамкориро меҷустанд.

Саршавии раванди ҳамгироӣ дар ин қитъа, сараввал аз ҳамкорӣ дар бобати сохтмони роҳҳои автомобилӣ ва роҳи оҳан, хизматрасонии автомобилӣ, тараққӣ додани соҳаҳои гуногуни хизматрасонӣ ва амалӣ кардани нақшаҳои начандон калони истеҳсолӣ сурат гирифта буд.

пешина
аз 785
навбатӣ