Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Барои боз ҳам вусъат ёфтани раванди ҳамгироӣ ҳиссаи созмонҳои иқтисодии байнидавлатие, ки дар қисматҳои шимолӣ, ҷанубӣ ва ҷанубу шарқи Африка ташкил ёфта буданд, хеле бузург аст.

Ин раванди иқтисодӣ қитъаи Африкаро ба панҷ қисмати ба ҳам наздик тақсим намудааст:

  1. Давлатҳое, ки ба Созмони Ягонагии Африка (ОАЕ) дохил намешаванд.

  2. Минтақаи франк, ки дар ҳудуди он танҳо асъори миллии Франция дар муомилот буд.

  3. Конференсияи мутобиқати тараққиёти Африкаи Ҷанубӣ (САДКК).

  4. Минтақаи савдои преференциалии байни мамлакатҳои Африкаи Шарқӣ ва Африкаи Ҷанубӣ (ПТА).

  5. Иттиҳоди иқтисодии Африкаи Ғарбӣ (ЭКОВАС).

Инчунин созмону иттиҳодияҳои зерин бунёд гардида буданд: Созмони ҳамгироии "Иттиҳоди асъории Африкаи Ғарбӣ (ЮМОА) ва Иттиҳоди асъории давлатҳои Африкаи Марказӣ (с.1962); Иттиҳоди гумрукию иқтисодии Африкаи Марказӣ - ЦАТЭС (UDEAC) (с.1964);

Иттиҳоди иқтисодии Африкаи Шарқӣ (ВАЭС-СЕАО) (с.1974);

Иттиҳоди гумрукии Африкаи Ҷанубӣ (ЮАТС-SACU) (с.1974);

Иттиҳоди иқтисодии давлатҳои Африкаи Ғарбӣ (ЭКОВАС-ECOWAS) (соли 1975):

а) Марокаш, Сахараи Ғарбӣ, Намибия, ҶАҶ, Свазиленд, Лесото дар ягон созишномаҳои дар боло зикршуда иштирок накардаанд.

Иттиҳоди иқтисодии мамлакатҳои минтақаи Кӯлҳои Бузург (Бурунди, Зоир ва Руанда).

Иттиҳоди иқтисодии мамлакатҳои Африкаи Марказӣ - (КЭЕАС) (Бурунди, Ғабон, Зоир, Камерун, Конго, Руанда, Сан-Томе ва Принсипи, Ҷумҳурии Африкаи Марказӣ, Чад ва Гвинеяи Экваториалӣ).

Иттиҳоди қарздиҳанда, ки аз ҳашт кишвари Африка иборат буда (Алҷазоир, Миср, Либия, Маврикия, Марокаш, Сомалӣ, Судон ва Тунис), ҳамчун "Фонди асъории Араб" дар ҷаҳон машҳур аст.

пешина
аз 785
навбатӣ