Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Кишварҳои ин қитъа робитаҳои иқтисодию тиҷоратии худро бо тамоми давлатҳои Африқо дар асоси созишномаҳои дуҷониба ба роҳ мондаанд. Давлатҳои номбурда аз ҷиҳати дар мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ воқеъ буданашон бо роҳҳои баҳрӣ бо дигар қитъаҳои ҷаҳон, аз ҷумла Европа, Америка ва давлатҳои Осиё робитаҳои тиҷоратӣ ба роҳ монданд. Дар муомилоти онҳо асъори хориҷии тамоми мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон (доллари амрикоӣ, франки Франция, маркаи Германия, йени японӣ, фунт-стерлинги Британияи Кабир) иштирок мекунад.
Дар тамоми қитъаи Африқо давлатҳои Малта, Реюнон, Ботсвана, Маврикий, Майота, Ҷазираҳои Сейшел, Габон, Либия ба гурӯҳи давлатҳои нисбатан мутараққии ҷаҳон дохил мешаванд.
б) Минтақаи франк дар қитъаи Африқо дар ҳудуди 13 давлате бунёд шудааст, ки то истиқлолият мустамликаи Франция буд. Роҳбарияти давлатҳои аъзои ин созмонҳо системаи амалкунандаи бонкии давраи зери асоратрод баъд аз милликунонӣ нигоҳ дошта, дар ҳудуди давлатҳои худ истифодаи асъори шинохташудаи Францияро давом доданд. Зеро маълум буд, ки ҷорӣ намудани асъори нави миллӣ харҷи зиёдеро талаб менамуд. Аз тарафи дигар, ворид намудани асъори миллие, ки пояҳои мустаҳками иқтисодӣ надошт, дар мӯҳлати хеле кӯтоҳ эҳтимол беқурб мешуд.
Бинобар ин дар асоси ҳамкории асъорӣ дар Африқо ду иттиҳоди ҳамгироӣ бунёд шуда буд:
-
Иттиҳоди асъории Африқои Ғарбӣ (ЮМОА, 1962), ки ба он давлатҳои Бенин, Ҷазираҳои Соҳили Оҷ (БСК), Буркина Фасо, Малӣ, Нигер, Сенегал ва Того дохил мешуданд.
-
Иттиҳоди асъории давлатҳои Африқои Марказӣ - фазои эмиссионии бонки давлатҳои Африқои Марказӣ, ки дар асоси иттиҳоди гумрукию иқтисодии давлатҳои Африқои Марказӣ (Габон, Камерун, Конго, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ҶАҶ), Чад ва Гвинеяи Экваториалӣ) бунёд карда шудааст.
Дар тамоми қаламрави давлатҳои аъзои ин созмонҳо муомилоти мол, хариду фурӯш, амалиёти бонкӣ танҳо бо асъори франсиягӣ - франк сурат мегирифт. Франк асъори ягонае ба шумор мерафт, ки дар тамоми ҳудуди ду созмони ҳамгирой озодона амал

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё