Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
мекард. Дар асоси шартномаи байнидавлатӣ соли 1962 онҳо бонки марказии Африкаи Ғарбиро созмон доданд, ки дар тамоми давлатҳои иттифоқ сиёсати ягонаи асъориро пеш мебурд.
Робитаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ бо Франция ҷиддӣ ба роҳ монда шуда буданд. Дар асоси созишномаи байни БСЭАО ва хазинаҳои Франция басташуда бонкҳои марказии давлатҳои Африкаи Ғарбӣ ҳуқуқи нигоҳ доштани захираҳои давлатии асъори хориҷиро пайдо намуда бошанд, Франция тамоми амалиёти вобаста ба конверсия, яъне иваз намудани франки франсиягиро ба франки африқоӣ ба зиммаи худ гирифта буд.
Меъёри иваз намудани асъор 50 франки африқоӣ баробари 1 франки франсиягӣ тасдиқ карда шуда буд.
в) Конференсияи тараққиёти Африкаи Ҷанубӣ (САДКК) давлатҳои Ангола, Замбия, Танзания, Ботсвана, Мозамбик, Малавӣ, Зимбабверо бо ҳам муттаҳид менамуд.
г) фазои савдои преференсиалии (ПТЗ) байни давлатҳои Африкаи Ғарбӣ ва Африкаи Ҷанубӣ, ки соли 1981 бунёд гардида буд, Эфиопия, Кения, Уганда, Сомалӣ, Ҷибутӣ, Руанда, Бурундӣ ва қисман Танзания, Замбия, Зимбабверо дар бар мегирад.
Соли 1993 дар пойтахти давлати Замбия шаҳри Лусака вохӯрии ёздаҳуми сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои аъзои фазои савдои преференсиалии байни давлатҳои Африкаи Ғарбӣ ва Африкаи Ҷанубӣ шуда гузашт.
Мувофиқи низомномаи фазои преференсиалӣ вазифаи асосии ин созмон суръатбахшии раванди ҳамгироии давлатҳои аъзо, ки он ҳамкории бисёрҷонибаро дар соҳаи хизматрасонӣ, савдо, кишоварзӣ, мутобиқкунонии тарифҳои гумрукӣ, коркарди захираҳои табиӣ, ки асоси тараққиёти истеҳсолот аст, дар бар мегирад.
Аммо бо сабаби он, ки роҳбарияти бисёр давлатҳои аъзо бештари ӯҳдадориҳои базиммагирифтаро сари вақт иҷро накарданд, ҷангҳои бисёрсолаи мусаллаҳона дар Эфиопия, Уганда, Мозамбик ва Ангола иҷрои мақсадҳои гузошташудаашро имконнопазир гардонданд.
Дар баробари ин, яке аз омилҳои асосии суст шудани раванди ҳамгироӣ аз он иборат буд, ки роҳбарияти бисёр давлатҳои минтақаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё