Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
маркаи Германия, франки Франция ва йен) афзалиятҳои худро низ дорад.
Гап дар сари он аст, ки муайян намудани арзиши мол бо пули мавҷудаи дохилӣ ё асъори хориҷӣ, яъне бо доллари ШМА ё маркаи Германия бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ пасту баланд шуданаш арзиши ҳақиқии молро ифода карда наметавонад.
Меъёри клиринг бошад, бо сабабҳои дар як давраи на кам аз як соли муайянкардашуда тағйир намеёбад ва он арзиши аслии моли тасдиқшударо дар ин давра бе ягон тағйироту иловаҳо ифода менамояд. Дар ҷараёни додугирифт истифодаи ҳисоби клирингӣ то як дараҷаи муайян таъсири пасту баландшавии қурби асъори хориҷиро аз байн мебардорад.
Пурра амалӣ шудани созишномаи клирингӣ ва пардохтҳо дар муомилоти молию пулии як қисми давлатҳои Африқо дар таърихи иқтисодиёти ҷаҳон чун давраи аввали раванди ҳамгироии асъории байнидавлатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар қитъаи Африқо шаклҳои нисбатан мукаммали ҳамгироии асъорие низ бо номи ҳамгироии "Иттиҳоди давлатҳои қарздиҳанда" васеъ истифода бурда мешаванд.
Ҳамгироии "Иттиҳоди давлатҳои қарздиҳанда" бо мақсади мӯътадил гардондани вазъияти ногуворе, ки давлатҳои аъзои ин созмон дучори он шудаанд, бунёд гардидааст. Дар асоси истифодаи чунин ҳамгироии иқтисодӣ дар ҳолатҳои камомади буҷет, (яъне зиёд будани қисми хароҷоти буҷет аз қисми даромад) имконияти мӯътадил намудани ҳолати пасту баландшавии асъори байни давлатҳо аз ҳисоби истифодаи гардиши маблағҳо ва системаи пардохтҳо ба давлатҳое, ки ба чунин вазъият дучор гардидаанд, қарзҳои кӯтоҳ ва дарозмуддат дода мешаванд. Баъдтар ин муттаҳидшавии асъорӣ дар байни давлатҳои Африка бо номи "Фонди асъори давлатҳои араб" хеле машҳур шуд. Ба ҳайати ин созмон ҳашт давлати Африка - Алҷазоир, Миср, Либия, Маврикия, Марокаш, Сомалӣ, Судон ва Тунис дохил мешуданд. Дар мадди аввал "Фонди асъори давлатҳои араб" бо сабабҳои ҳарчи тезтар ривоҷ додани тиҷорати байни давлатҳои нафтистеҳсолкунанда ва давлатҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё