Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

дигари қитъаи Африка равона шуда буд. Аммо дере нагузашта, дар тамоми қитъаи Африка ин бонк шинохта шуда, бо барномаҳои мукаммалу воқеии худ ҷонибдорони зиёдеро пайдо намуд ва барои дар раванди ҳамгироии Африка ҳиссаи бузурги худро гузоштан шароитҳои фаровон пайдо шуд. Ин ҳолат сарварони фондро водор намуд, ки мувофиқи талаботи замон ва бо мақсади аз байн бардоштани қашшоқӣ барномаи наверо таҳия намоянд.

Дар асоси барномаи нави тасдиқшуда функцияи "Фонди асъори давлатҳои араб" пеш аз ҳама, аз таъмин намудани мувозинати доимии меъёрҳои табдили асъори байнидавлатии аъзои созмон, таъмини гардиши он, бартараф намудани камбудиҳои дар муомилоти асъор ҷойдошта ва дар натиҷаи таҳлили чуқури робитаҳои иқтисодию молиявӣ пешниҳод намудани усулҳои нави нисбатан камхарҷу фоиданоки ҳисоббаробаркунӣ ва ниҳоят бунёди асъори ягонаи давлатҳои созмон иборат буд.

Дар натиҷаи муттасил ба иҷро расондани ин мақсадҳо, иқтисодиёти давлатҳои аъзои "Фонди асъори давлатҳои араб"
босуръат инкишоф ёфта, нуфузи онҳоро дар кулли қитъаи Африка хеле зиёд намуд. Ба мақсади ҳарчи бештар дар ҳаллу фасли масъалаҳои иқтисодиёти ҷаҳон иштирок намудан, роҳбарияти давлатҳои аъзои "Фонди асъори давлатҳои араб" ба хулосае омаданд, ки дар ҳудуди давлатҳои аъзо воҳиди ягонаеро ҷорӣ намоянд, ки қурби он дар миқёси ҷаҳон баробари қурби воҳиди пулии давлатҳои мутараққӣ бошад. Бинобар ин ба сифати воҳиди ягона як динори арабӣ қабул шуд, ки баробари се СДР (ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ, ниг. саҳ. 661) мебошад. Онҳо барои худ чунин меъёри ягонаи ҳисоббаробаркуниро қабул намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки раванди ҳамгироӣ дар қитъаи Африқо пеш аз ҳама, хусусиятҳои хоси худро дорад. Агар Иттиҳоди Аврупо кулли давлатҳои саноатиеро, ки аз якдигар бо дараҷаи баланди техникӣ ва иқтисодӣ фарқ мекунанд, муттаҳид намояд, пас ин ҷараён дар қитъаи Африқо, пеш аз ҳама дар муттаҳид намудани мамлакатҳои рӯ ба инкишоф зоҳир мешавад.

Таҳлили раванди ҳамгироии чӣ давлатҳои мутараққӣ ва чӣ
давлатҳои рӯ ба инкишоф нишон медиҳад, ки дараҷаи

пешина
аз 785
навбатӣ