Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

интенсификатсия ва диверсификатсияи муомилот байни мамлакатҳои саноатӣ нисбат ба мамлакатҳои мутараққӣ хеле баланд мебошад.

Ҷадвали №13
Афзоиши савдои байниминтақавии иқтисодии давлатҳои рӯ ба
инкишоф, (фоиз)

Фазои ҳамгироии
минтақавӣ
с.1960
с.1970
с.1980
с.1989
с.1999

ЭКОВАС (ECOWAS)
1,2
2,1
3,9
9,6
12,2

ВАЭС (СЕАО)
2
9,1
6,9
12,6
12,6

ЦАТЭС (UDEAC)
1,6
3,4
4,1
5,9
1,6

ЗПТ

9,4
9,9
10,2

КОР (CARRICOM)
4,5
7,3
6,4
4,5
15,3

ЦАОРИ (САСМ)
7,5
26,8
22
13,1
11,6

ЛАИА (LAIA)
7,7
10,2
13,5
10,8
13,0

АНДЕАН (ANDEAN)
0,7
2,3
3,5
4,9
7,0

АСЕАН (ASEAN)
21,7
14,7
17,8
17,7
22,2

Чунин хулосаҳо аз далелу рақамҳои дар натиҷаи таҳлили ҷараёни инкишофи созмонҳои иқтисодии байни худ тиҷораткунанда ба таври возеҳ намоён мешавад. Таҳлили ҷадвали №13 нишон медиҳад, ки сатҳи ҳамгироии тиҷоратию сиёсии давлатҳои сеюм нисбат ба ҳамгироии давлатҳои мутараққии ҷаҳон суст шуда, дар баъзе солҳо ҳатто рӯ ба пастшавӣ ниҳодааст. Дар асоси истифодаи усули рингерӣ муайян шудааст, ки аз ворид намудани системаи преференциалии андозҳои гумрукӣ дар қитъаи Африка ҳамагӣ 0,4 фоизи савдои минтақавиро созмонҳои номбурда ба даст овардаанд.
Ин тамоил дар Америкаи Лотинӣ, агар дар давраи аввали ҷараёни муттаҳидшавӣ хеле муташаккилона ба роҳ монда мешуд, ҳаҷми муомилоти байнидавлатии аъзоёни созмон хеле босуръат меафзуд.

Рақамҳои овардашуда нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди равандҳои ҳамгироие, ки дар қитъаи Африка муташаккилона амал мекарданд ва дар натиҷа созмонҳои бисёреро барои ҳарҷи тезтар тараққӣ додани иқтисодиёти давлатҳои худ ва пурра бартараф кардани қашшоқӣ бунёд намуда буданд, дар 40 соли охир баробари комёбиҳои назаррас ба сари мақсад нарасиданд.

пешина
аз 785
навбатӣ