Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Рақамҳои ҷадвали №14 нишон медиҳанд, ки ҳиссаи қитъаи Африка дар тиҷорати ҷаҳонӣ дар даҳсолаҳои охир қариб ду баробар кам шудааст. Агар солҳои 1966-67 ҳаҷми содироти ин қитъа дар ҳаҷми содироти ҷаҳон 4,2%-ро ташкил карда бошад, пас солҳои 1987-89-ум 2% ва соли 1999 бошад, 2,3%-ро ташкил намудааст. Албатта афзудани ҳиссаи тиҷорати байни давлатҳои созмон аз он шаҳодат намедиҳад, ки ба молҳои дар муомилоти дохилӣ буда дар бозори ҷаҳонӣ талабот вуҷуд дорад ва бо молҳое, ки дар кишварҳои мутараққӣ истеҳсол мегарданд, рақобат карда метавонанд. Албатта, тамоили пастшавии ҳиссаи содироти Африка дар ҳаҷми содироти ҷаҳонӣ сабабҳои ба худ хосе дорад. Гап дар сари он аст, ки бо сабаби қафомонии ин қитъа тараққиёти соҳаҳои кулли саноат ва умуман иқтисодиёти давлатҳои Африка аз (раванди иқтисодиёти ҷаҳон) пешрафти иқтисодиёти мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон вобаста шуда мондааст. Ин вобастагии онҳоро ҳамчун манбаи асосии ашёи хом то имрӯз намегузорад, ки соҳаҳои саноати вазнини мамлакати худро тараққӣ дода, маҳсулоти серталаботи дар бозори ҷаҳонӣ рақобаткунандаро истеҳсол намоянд.
Масалан, Эфиопия, Бурунди, Руанда, Уганда аз 70 то 92%-и буҷети давлати худро аз ҳисоби маблағи даромад аз содироти танҳо як намуди маҳсулот, яъне қаҳва пур мекунанд, Алҷазоир ва Ангола қариб 90% буҷетро аз ҳисоби нафти хом ва маҳсулоти нафтӣ, давлати Гана 100% буҷетро аз ҳисоби какао, Гвинея 100% аз ҳисоби маъдан ва концентратҳои оҳандор, Миср аз ҳисоби пахта ва нахи он, равғанҳои эфирии мева, матоъҳои пахтагин ва собун, Камерун 90% аз ҳисоби фурӯши маъданҳои қиматбаҳо, Конго 100% аз ҳисоби маъданҳои қиматнок, Либия 100% аз ҳисоби нафти хом ва маҳсулоти нафтӣ, Мадагаскар 14% аз ҳисоби маҳсулоти нафтӣ, 76,6% аз ҳисоби қаҳва ва 9,4% аз ҳисоби фурӯши гул ва ғайраҳо пур мекунанд.
Ин аст маълумоти муфассал дар бораи кишварҳои Африқои Ғарбӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё