Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

§ 5.9. Бозори умумии мамлакатҳои конуси ҷанубӣ - МЕРКОСУР

Дар боби гузашта мо ба хонандагони мӯҳтарам дар бораи равандҳои ҳамгироие, ки дар қитъаи Америкаи Лотинӣ оғоз гардида буданд, иттилооти муфассал додем.

Дар баробари дар ҷараёни амалӣ гардидани ҳамгироии минтақавӣ соҳибистиқлол шудани давлатҳои Америкаи Лотинӣ, нобаробариҳои зиёде низ мушоҳида карда мешуданд, ки онҳо оҳиста-оҳиста таъсири манфии худро расонда, боиси суст шудани таъсири созмонҳои бунёдгардида ва ниҳоят аз байн рафтани онҳо мегардид.

Давлатҳои алоҳидае, ки ба раванди ҳамгироӣ боварӣ доштанд, баъд аз барҳамхӯрии созмонҳо аз як созмон ба созмони дигар мегузаштанд. Масалан, Мексика баъд аз барҳамхӯрии ЛАСТ бо мақсади ҳарчӣ тезтар ба роҳ мондани иқтисодиёти мамлакат ба созмони "Савдои озод"-и қитъаи Америкаи Шимолӣ НАФТА ва ҳамзамон ба Ассотсиатсияи ҳамгироии Америкаи Лотинӣ ҳамроҳ шуд.

Бисёр давлатҳои дигар аз нобаробариҳое, ки ба онҳо дар раванди ҳамгироӣ рӯ ба рӯ шуда буданд, ноумед нагардида, роҳҳои пешрафти иқтисодиёти худро дар бастани созишномаҳои дуҷониба медиданд.

Чунин мамлакатҳо, ба мисли Аргентина, Парагвай, Уругвай ва Бразилия бо ҳам муттаҳид шуда, сарфи назар аз камбудиҳои ҷойдошта барои дар оянда роҳ надодан ба такрори онҳо масъалаи бунёди созмони навро бо номи МЕРКОСУР ба миён гузоштанд.

26 марти соли 1991 баъди имзои созишномаи Асунсон (Парагвай) давраи аввали бунёди бозори умумии мамлакатҳои конуси ҷанубӣ МЕРКОСУР оғоз ёфт.

Дар ин асос нақшаи либерализатсияи савдои байни давлатҳои узвро тартиб дода, бо роҳи ҳар нимсола 7% кам кардан ва сипас (то оғози соли 1994) пурра аз байн бардоштани андозҳои гумрукӣ ва монеаҳои ғайритарифии дар савдо ҷойдоштаро пешбинӣ карда буданд. Дар баробари ин мутобиқ намудани сиёсати иқтисодии мамлакатҳои аъзои созмон зарур буд, ки он пай дар пай дар

пешина
аз 785
навбатӣ