Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
асоси омӯзиши комёбиҳои бадастомада ва таҳлили таҷрибаи созмонҳои минтақаҳои дигари ҷаҳон ба назар гирифта шавад.
Баъди муттаҳидшавӣ ин давлатҳо дар назди худ вазифа гузоштанд, ки раванди ҳамгироиро зина ба зина гузашта, пеш аз ҳама минтақаи савдои озод бунёд намуда, баъдан то соли 2000 иттиҳоди гумрукиро созмон диҳанд.
Бинобар ин барои роҳбарӣ намудан ба ҷараёни ҳамгирӣ мақомоти миллии роҳбарӣ таъсис дода шуд. Шӯрои бозори умумӣ дар ҳайати вазирони корҳои хориҷӣ; мақоми иҷроия - Гурӯҳи бозори умумӣ бо идораи доимоамалкунанда дар шаҳри Монтевидео; 10 комиссияи техникӣ таҳти итоати Гурӯҳи бозори умумӣ, ки масъалаҳои савдои хориҷӣ, танзими гумрукӣ, меъёрҳои техникӣ, сиёсати асъорию молиявӣ ва макроиқтисодӣ, нақлиёти заминӣ ва баҳрӣ, технологияҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва энергетика дар доираи салоҳияти он қарор доранд, созмон дода шуданд.
Аз январи соли 1995 дар асоси созишномаи Асунсон дар ҳудуди минтақаи чор давлат бояд бозори умумие расман амал менамуд, ки ба модели бозорҳои Иттиҳоди Европа монандӣ дошта бошад.
Аммо барои пурра ба бозори умумӣ гузаштан давлатҳои аъзои созмони МЕРКОСУР мебоист корҳои зиёдеро, ба монанди ҷорӣ намудани нархҳои ягона, воҳиди ҳисоби умумии давлатҳои аъзо, ки раванди гузаронидани пардохтҳоро аз як давлат ба давлати дигар осон менамояд, ба анҷом расонанд.
Дар муҳлати кӯтоҳ давлатҳои аъзои созмони МЕРКОСУР корҳои зиёдеро ба анҷом расонида тавонистанд. Созишномаи аз як давлат ба давлати дигар озодона ҳаракат намудани (миграция) қувваи корӣ, муайян намудани меъёри иваз кардани асъори миллии ҳар як давлати аъзо; созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи илму маърифат; созишномаи ҳамкории ҳуқуқӣ ва кӯмак дар масъалаҳои савдо, меҳнат ва коргузории маъмурӣ, бунёди комиссияи махсус доир ба назорат ба илм ва пешрафти техникӣ барин ҳуҷҷатҳо ба тасвиб расиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё