Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Дар баробари ин давлатҳои аъзои созмон қарор доданд, ки ба сохтмони шоҳроҳи асосӣ, ки ҳамаи ин давлатҳоро ба ҳам мепайванданд, шурӯъ намоянд.
Ба шарофати тадбирҳои амалишуда дар андак муддат, сарфи назар аз бӯҳрони иқтисодии давлатҳои Америки Лотинӣ ҳаҷми муомилоти молии давлатҳои аъзои МЕРКОСУР 7% афзуд. Бо вусъатёбии доираи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, фарҳанг, ҳифзи табиат (экология) босуръат равнақу ривоҷ меёфт.
Муомилоти молии байни Аргентина, Бразилияю Парагвай ва Уругвай дар соли 1993 ба 6,343 млрд. доллари ШМА расид, ки нисбат ба соли 1990 ду маротиба зиёд буд. Бразилия дар байни давлатҳои аъзои созмон нақши бузургеро мебозад. Агар ҳаҷми содироти Аргентина, Парагвай ва Уругвай дар якҷоягӣ соли 1992 4,2%-ро афзуда бошад, пас ин рақам дар Бразилия 11,1%-ро ташкил намуд.
Суръати инкишофи робитаҳои иқтисодии Бразилия бо давлатҳои аъзои созмон ва давлатҳои ҳамсояи Америки Лотинӣ чунон хуб ба роҳ монда шуда буд, ки ҳар сол дар ҳудуди ин давлат зиёда аз 100 корхонаи муштарак ва ширкатҳои бузурги байналмилалӣ бунёд карда шуданд.
Дар мулоқоти бисёрҷониба тарафҳо ба хулосае омаданд, ки дар тиҷорати хориҷии байнидавлатии аъзоёни созмон тарифҳои гумрукӣ ва умумии ягонаро ҷорӣ намоянд. Номгӯи муайяни молҳои андози гумрукӣ дар ҳаҷми 35% муқаррар карда шуд. Ин меъёр то оғози соли 2000 ба 20% паст фароварда шуд.
Дар баробари қадамҳои устувор дар раванди ҳамгироии давлатҳои аъзои бозори умумии Америки Ҷанубӣ масъалаҳои бисёре ҷой доштанд, ки ба рушди ин ҷараён таъсири манфӣ мерасониданд.
Яке аз масъалаҳое, ки рушди ҷараёни сармоягузориро бозмедошт, ин гузаштҳо ва додани вақти иловагӣ ҷиҳати муҳайё намудани шароити лозимӣ барои давлатҳои алоҳида ба шумор мерафт. Масалан, дар созишномаи имзошуда 2117 номгӯй аз рӯихати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё