Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
молҳое, ки аз онҳо андози гумрукӣ ситонида мешуд, бароварда шуданд.
Дар баробари ин ба Уругвай ва Парагвай зиёда аз ду сол мӯҳлат дода шудааст, ки онҳо дар ин давра мувофиқсозии тарифҳои гумрукиро дар мамлакати худ бояд ба анҷом расонанд.
Бар замми ин пешбинӣ шуда буд, ки давлатҳои аъзои созмони МЕРКОСУР дар ҳолати зиёд будани касри сохтории тавозуни (баланси) пардохтҳо метавонанд дар асоси низомномаи махсуси пешакӣ тасдиқшуда муваққатан аз интиқоли пардохтҳои муайян ба ҳисоби идораҳои созмон озод карда шаванд.
Масъалаҳои ҳаракати қувваи корӣ аз як давлат ба давлати дигар, тайёр набудани низомномаи сармоягузории миллии байнидавлатӣ, муҳайё набудани шароити лозимӣ барои ҳаракати озоди хизматрасонӣ, тайёр набудани механизми ба тартиб даровардани ҳалли масъалаҳои баҳсталаб, ки мебоист дар раванди татбиқи ҳамгиройӣ пурра ба анҷом мерасид, садди роҳи пешрафти давлатҳо мешуданд.
Омили аз ҳама муҳиме, ки ба раванди ҳамгиройӣ таъсири манфӣ мерасонид, дар фарқияти гуногуни дараҷаи тараққиёти иқтисодиёт зоҳир мешуд.
Ҷадвали №15
Нишондиҳандаҳои асосии кишварҳои аъзои МЕРКОСУР
дар соли 1999
Аргентина
36.6
276,1
7550
147,880
Бразилия
168.0
730.4
4350
244,770
Парагвай
5.4
53,7
2130
2,514
Уругвай
3.3
20,6
6220
7,447
Ҳамагӣ
213.3
1080,8
5067
402.611
Аз рақамҳои дар ҷадвали №15 овардашуда дида мешавад, ки зиёда аз 95%-и аъзоёни созмони МЕРКОСУР-ро аҳолии давлатҳои Бразилия ва Аргентина ташкил медиҳанд. Ду мамлакати ҳаҷман хурд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё