Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан
  • Парагвай ва Уругвай бошанд, ҳамагӣ 2,9% маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин созмонро истеҳсол мекунанд.

Ҳар чор давлати аъзои созмони МЕРКОСУР аз ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои мутараққии ҷаҳон қарзҳои азиме гирифтанд, ки хизматрасонӣ, яъне баргардонидани онҳо асъори зиёди хориҷиро талаб мекунад.

Яъне, аз рӯи талаботи қонунҳои байналмилалӣ дар ҳолати сари вақт барнагардонидани қарз, бар зидди мамлакатҳои қарздор санксияҳои (муҷозоти) махсуси молиявӣ истифода бурда мешаванд. Дар натиҷа қисми зиёди ҳисобҳои дар бонкҳои ҷаҳонӣ доштаи онҳо қатъ кунонида шуда, супоришҳои бонкҳои ин мамлакатҳо доир ба гузаронидани пардохтҳо иҷро карда намешаванд. Бинобар ин мамлакатҳои аъзои созмони МЕРКОСУР, аз ҷумла Аргентина 34,4%, Бразилия 23,1%, Уругвай 23,2%, Парагвай 40,3%-и маблағи аз тиҷорати хориҷӣ гирифтаашонро барои баргардонидани қарзҳо равона мекунанд. Ин ҳолат албатта, намегузорад, ки давлатҳои номбурда нақшаҳояшонро амалӣ гардонанд.

Яке аз манбаъҳои дигаре, ки метавонад вазъи иқтисодии мамлакатро каме беҳтар намояд, ба мамлакат ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мебошад. Бисёр давлатҳои ҷаҳон мақсад доранд, ки тавассути истифодаи дурусти сармояи хориҷӣ иқтисодиёти мамлакатҳояшонро дар мӯҳлати кӯтоҳ ба дараҷаи баланди инкишоф расонанд. Ба ин давлатҳо Гонконг, Тайван, Малайзия, Сингапур ва бисёр мамлакатҳои дигари ҷаҳон мисол шуда метавонанд.

Ба чунин нишондиҳандаҳо дар ҳолате ноил шудан мумкин аст, ки агар сармояи хориҷӣ сад дар сад барои бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии ба шароити ин мамлакат мутобиқбуда, ки дар онҳо истифодаи ашёи хоми ин давлат ба роҳ монда мешавад ва маҳсулоти дар ин корхонаҳо истеҳсолшаванда дар бозори ҷаҳонӣ қобили рақобат бошад, равона карда шавад.

Албатта, бояд дар назар дошт, ки сармояи хориҷӣ дар ҳолатҳои баланд ва устувор будани қурби асъори миллии ин мамлакат ва гирифтани маъёрҳои фоизии нисбатан баландтар ба ин мамлакатҳо ворид мешаванд.

пешина
аз 785
навбатӣ