Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шудани асъори зиёди хориҷӣ истифодаи он барои мӯътадилгардонии қурби асъори миллӣ номумкин буд, зеро қисми зиёди он барои баргардонидани қарз равона карда мешуд.

Соли 1994 бошад, аз чор давлати аъзои МЕРКОСУР танҳо Бразилия тавонист бо салдои мусбӣ солро ба охир расонад, аммо ин маблағҳои бадастомада дар натиҷаи гузаронидани "ревалватсияи асъорӣ" барои хизматрасонии сармояи воридшуда равона гардиданд.

Сиёсати ҳарчи зиёдтар ворид намудани асъори хориҷӣ давлатҳои аъзои созмони МЕРКОСУР-ро водор менамуд, ки бештар бо давлатҳои мутараққии ҷаҳон, чун ШМА, Япония ва кишварҳои Иттиҳоди Европа тиҷорат намоянд. Ин принсип ба камшавии ҳаҷми тиҷорати дохилии созмони МЕРКОСУР сабаб шуда, соли 1994 ҳамагӣ 6,7%-ро ташкил намуд.

Дар солҳои охир муносибатҳои онҳо бо Иттиҳоди Европа хеле вусъат гирифта, соли 1993 содироти молҳои Аргентина ба ин қитъа ба 30,5%, Бразилия 27,7%, Парагвай 30,6%, Уругвай 26,2%-ро ташкил намуд.

Муносибатҳои тиҷоратии давлатҳои аъзои созмони МЕРКОСУР бо ШМА ва Япония нисбат ба Иттиҳоди Европа то андозае ғайрикофӣ ба роҳ монда шуда буд.

Рӯй додани чунин шароит хавфи пурра барҳам хӯрдани созмони МЕРКОСУР-ро ба миён овард. Зеро пешрафти иқтисодиёти ин мамлакатҳо бештар аз тобеияти тиҷорати байналмилалии онҳо ба се давлатҳои бузурги ҷаҳон бо номи "Сегӯша" вобаста шуда буд.

Дар доираи музокироти бисёрҷониба созишнома оид ба муқаррар намудани тарифҳои ягонаи савдои хориҷӣ ба имзо расид. Ба баъзе навъҳои молҳо, ки рӯйхати онҳо дар созишнома қайд шудааст, ба андозаи на зиёда аз 35% муқаррар карда шуда буд ва он то соли 2000 ба 20% фароварда шуд.

Аз соли 1995 Аргентина ба содиркунандаи ягонаи ғалла ба давлатҳои узви МЕРКОСУР табдил гардид, ки ин ҳолат фермерҳои Бразилияро дар ташвиш андохт. Ин масъала ҳамчун яке аз масъалаҳои нозуктарин дар музокироти байни ин ду давлат боқӣ мондааст. Чунин проблемаҳо ҳангоми баррасии квотаҳои таҳвили

пешина
аз 785
навбатӣ