Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
маҳсулоти гӯшту шир, ки Аргентина аз ҳамсояи худ дар истеҳсоли онҳо пеш аст, низ ба миён меоянд. Ин ва дигар масъалаҳо садди роҳи ҳамгироии минтақавӣ қарор доранд, вале квотаҳои ягонаи воридотии муқарраргардида бояд ин проблемаҳои байни ҳар ду давлати ҳамсоя вуҷуддоштаро рафъ намоянд.
Дурнамои ҳамгироии минтақавӣ, ба ақидаи иқтисоддонҳои Бразилия, бинобар вуҷуд доштани фарқияти назаррас дар сатҳи истеъмолии кишварҳои аъзои МЕРКОСУР чандон дурахшон нест. Масалан, агар дар Парагвай даромад ба ҳар сари аҳолӣ дар як сол 1030 долларро ташкил диҳад, ин нишондиҳанда дар Уругвай, ки дар байни тамоми кишварҳои минтақа "мӯътабар" ҳисобида мешавад, дар як сол 2620 доллар мебошад.
Аҳолии кишварҳои узви МЕРКОСУР 200 млн. нафарро ташкил дода, МММ он зиёда 1 трлн. доллар мебошад. Дар худуди кишварҳои аъзои МЕРКОСУР 45 фоизи аҳолии ин қитъа истиқомат намуда, бештар аз 50%-и МММ, 40%-и сармоягузории хориҷӣ, зиёда аз 60 фоизи ҳаҷми муомилоти мол ва 33 фоизи ҳаҷми савдои хориҷии кишварҳои Америкаи Лотинӣ ба ин созмон рост меояд.
§ 5.10. Ассотсиатсияи мамлакатҳои ҷанубу шарқии Осиё - АСЕАН
Аз комёбиҳои баъд аз муттаҳидшавӣ бадастовардаи давлатҳои Европа кишварҳои дигари ҷаҳон сабақ гирифтанд ва дар натиҷа дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон ҳаракати вусъат додани тиҷорати байнидавлатӣ ва бунёди созмонҳои байнидавлатии ин минтақаҳо суръат гирифт.
Яке аз ин созмонҳо, ки дар натиҷаи ҳамгироии минтақавии давлатҳои қитъаи Осиё соли 1967 ба миён омада буд, дар иқтисодиёти ҷаҳон бо номи АСЕАН (Ассотсиатсияи мамлакатҳои ҷанубу шарқии Осиё) хеле машҳур гашт.
Ба ҳайати АСЕАН давлатҳои Бруней, Индонезия, Малайзия, Филиппин, Сингапур ва Таиланд дохил мешаванд. Ҳоло Мянма, Бруней, Лаос ва Ветнам аъзои комилҳуқуқи ин созмон мебошанд. Дар оянда Камбоҷа низ ба ин созмон майли ворид шудан дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё