Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Соли 1976 дар ҷаласаи аввали созмони давлатҳои аъзои АСЕАН Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо давлатҳои ҷанубу шарқи Осиё ва Эъломияи АСЕАН, ки ҳуҷҷатҳои асосӣ мебошанд, қабул гардиданд. Тамоми кишварҳои аъзо ин ҳуҷҷатҳоро дар фаъолияти худ дастури амал қарор медиҳанд. Эъломияи АСЕАН эълон медорад, ки кишварҳои аъзо дар масъалаҳои муҳимтарин ва проблемаҳои минтақавӣ ва муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ мавқеи умумӣ хоҳанд дошт. Конференсияи сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳо, ки ҳар се сол доир мегардад мақоми олии АСЕАН ба ҳисоб меравад. Мақоми марказии роҳбарии АСЕАН вохӯрии ҳарсолаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳо аъзо мебошад. Кумитаи доимоамалкунандаи он аз вазири корҳои хориҷии давлате, ки раис интихоб мегардад ва панҷ сафири давлатҳои боқимонда иборат мебошад. Дар мулоқотҳои доимии вазирони иқтисоди давлатҳои аъзо қарорҳо оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ қабул карда мешаванд. Вохӯриҳои вазирони дигар (маориф, энергетика, тандурустӣ, илм ва технология, адлия, ҳифзи табиат) аз ҷониби кумитаҳои дахлдор ташкил карда мешаванд. Ҳамчунин якчанд муассисаҳои махсуси АСЕАН, ба монанди Шӯрои нафт, Ассотсиатсияи соҳибони киштиҳо, Шӯрои бонкӣ, Корпоратсияи молиявӣ ва ғайра амал мекунанд. Роҳбарияти котиботи АСЕАН-ро котиби генералӣ, ки ҳар се сол интихоб карда мешавад, ба ӯҳда дорад. Ҳар як давлати аъзо котиби худро дорад, ки ба ҳайси директори генералӣ корҳои ҷорӣ ва омода намудани қарорҳои заруриро анҷом медиҳад.

Дар солҳои аввали бунёди ин созмон дараҷаи тараққиёти иқтисодиёти ин давлатҳо аз сатҳи давлатҳои Европа ва Америка хеле паст буд. Ҳаҷми тиҷорати онҳо на бештар аз 2,6%-и ҳаҷми умумии тиҷорати ҷаҳонро ташкил намуда, қисми зиёди муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии онҳо бо тариқи бартер сурат мегирифт.

Сабаби асосии ҳамгироии мамлакатҳои ҷанубу шарқии Осиё қабл аз ҳама таъмини амнияти онҳо буд. Оҳиста-оҳиста дар натиҷаи бастани созишномаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии байнидавлатӣ барои инкишоф ёфтани муносибатҳои иқтисодӣ ва баъдан дар натиҷаи

пешина
аз 785
навбатӣ