Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

гузаштҳо намудан ва ба якдигар додани имтиёзҳо барои бунёди минтақаи озоди савдо шароити хубе фароҳам омад.

Давлатҳои аъзои созмони АСЕАН кӯшиши барқарор намудани ҳамкории иқтисодиро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо намояндагони давлатҳои мутараққии тамоми ҷаҳон доштанд.

Барои амалӣ намудани ин мақсад мамлакатҳои аъзои созмони АСЕАН қонунҳои амалкунандаи тиҷорати байналмилалии онвақтаро омӯхта, баҳри фароҳам овардани шароити хуби корӣ барои аҳолии худ, вусъат додани фаъолияти тоҷирони хориҷӣ, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои миёна ва калон тамоми имтиёзҳоро муҳайё намуданд.

Дар соҳаи истеҳсолот ба бунёд кардани корхонаҳои миёна бо иштироки сармояи хориҷӣ майли бештар эҳсос мегардид. Барои ҷалб намудани сармояи хориҷӣ қонунгузории ин мамлакатҳо ҳиссаи маблағгузориро дар бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ мутобиқан 60 ба 40 муайян намуданд. Мувофиқан 60% саҳмияҳои корхонаҳои истеҳсолӣ дар дасти сармоягузорони хориҷӣ меистад, ки ин баҳри дар оянда ривоҷ додани соҳаҳои дигари истеҳсолоти ин мамлакатҳо ҳавасмандии онҳоро зиёд менамояд. Чунин шароити имтиёзнок баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таҷрибаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ бори аввал фароҳам оварда шуда буд. Ин имтиёзро истифода бурда сармоягузорони хориҷии давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон давлатҳои аъзои АСЕАН-ро дар андак мӯҳлат бо сармояи худ пур намуда, ин минтақаро ҳамчун як манбаи дарёфти фоидаи дучанд истифода мебурданд.

Дар муддати начандон зиёд бисёр корхонаҳои миёна ва хурд бунёд гаштанд. Сармоягузорони хориҷӣ аз арзон будани қувваи коргарӣ, фаровонии ашёи хоми ин мамлакатҳо ва шароити хуби ҷойгиршавии ҷуғрофии ин мамлакатҳоро, ки ба содироти маҳсулоти тайёр кӯмаки калон мерасонанд, ба назар гирифта, сармояҳои худро ба соҳаҳои гуногуни истеҳсолот равона мекарданд.

Ин аст, ки дере нагузашта, давлатҳои аъзои созмон бо молу маҳсулоти тайёри худ, ба мисли телевизор, дастгоҳҳои гуногуни сабти овоз, магнитофонҳо, асбобҳои барқӣ (дарзмол, яхдон,

пешина
аз 785
навбатӣ