Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шамолдиҳакҳо, кулерҳо), чиниворӣ, мошинҳои сабукрав, асбобу таҷҳизоти техникӣ, маҳсулоти корхонаҳои химия ва ғайра дар ҷаҳон пешсаф ва хеле машҳур гаштанд.

Яке аз сабабҳои пешрафти истеҳсолот дар он буд, ки роҳбарияти АСЕАН ба корхонаҳои муштараке, ки маҳсулоти худро бештар ба мамлакатҳои аъзои Ассотсиатсияи мамлакатҳои ҷанубу шаркии Осиё содир менамоянд, имтиёзҳои зиёдеро пешбинӣ намуда буд.

Аз қисми зиёди номгӯи молҳои истеҳсоли ватанӣ, ки дар бозорҳои мамлакатҳои аъзои созмони АСЕАН фурӯхта мешуданд, дар сарҳадҳои давлатӣ боҷу хироҷи ночизе ситонида мешуд.

Ташкилоти умумиҷаҳонии назорати савдо ва тарифҳо (ГАТТ) созишномаи ҳамкории давлатҳои аъзои созмони АСЕАН-ро оид ба гузаштҳо намудан ва додани имтиёзҳои махсуси тиҷоратӣ ба ҳамдигар маъқул дониста, таҷрибаи онҳоро дастраси кулли мамлакатҳои ҷаҳон гардонида буд.

Дар баробари ин роҳбарияти АСЕАН ба соҳаҳои хизматрасонии марказҳои тиҷоратии давлатҳои таҳти назорати худ эътибори калон дода, тамоми масъалаҳои бо таъмини техникии ҳозиразамон вобастабударо ҳал карда, қонунҳои худро доир ба таъмини пардохт ва сармояҳо дар саросари ҷаҳон паҳн намуд.

Роҳбарияти АСЕАН вуруди бевизагии озодро барои намояндагони мамлакатҳои тамоми ҷаҳон эълон карда, вақти шиносоии кормандони сарҳад ва гумрукро бо меҳмонон бо дақиқаҳо муайян намуда буд.

Имтиёзҳои зиёд дар муддати кӯтоҳ боиси дар харитаи ҷаҳон пайдо шудани марказҳои бузурги иқтисодӣ ва тиҷоратии сайёра, ба мисли Сингапур, Таиланд, Сянган (Гонконг), Тайван гардиданд.
Дар солҳои охир бошад, дар натиҷаи авҷири тиҷорати байнимиллалӣ қаламрави Сингапур ва Гонконг ҳамчун анборҳои ҷаҳонӣ истифода бурда мешавад, ки ҳаҷми гардиши моли онҳо зиёда аз 20%-и ҳаҷми гардиши моли давлатҳои аъзои созмони АСЕАН-ро ташкил менамояд. Ин гуна шароити хуби баамаломадаро аз давлатҳои мутараққии ҷаҳон бештар Япония ба нафъи худ

пешина
аз 785
навбатӣ