Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
истифода мебурд. Япония ба ҳайати сохтори АСЕАН дохил нашуда, қисми зиёди даромади миллии худро барои бунёди намояндагии фабрикаю заводҳои бузург, ки бештар барои истеҳсоли молҳои ниёзи мардум машғул буданд, равона менамуд.
Марказҳои бузурги истеҳсолӣ дар Малайзия, Гонконг, Сингапур бо молу матоъҳои гуногун, техникии электронӣ ва компютер, мошинҳои сабукрав, ки бо истифодаи технологияи пешқадами японӣ истеҳсол мешаванд, хеле машҳуранд.
Бинобар арзон будани қувваи корӣ арзиши аслии молҳои дар ин минтақа истеҳсолгардида аз молҳои истеҳсоли Япония ва мамлакатҳои Европа хеле арзон буда, ин молҳо дар бозорҳои мамлакатҳои нав рӯ ба тараққӣ гузошта дастрас мебошанд.
Дар баробари ин Япония қисми зиёди сармояи худро барои харидани ашёи хоми арзони ин мамлакатҳо равона намуда, маҳсулоти аз он тайёршударо пешкаши бозорҳои дохилии давлатҳои аъзои созмони АСЕАН мегардонад.
Ҳамгироии иқтисодии давлатҳои аъзои созмони АСЕАН дар баробари муваффақиятҳои бузурги иқтисодӣ ва сиёсӣ тамоми проблемаҳои ин мамлакатҳоро ҳал карда натавонист. Яке аз проблемаҳои муҳиме, ки роҳбарияти сохтори АСЕАН ҳалли пурраи онро наёфт, ин тавофути куллии сатҳи зиндагии аҳолии ҳар яке ин мамлакатҳо мебошад. Агар соли 1988 даромади миллии бадастовардаи Сингапур ба ҳар сари аҳолии ин кишвар 9070 доллари америкой бошад, дар Индонезия ин рақам ҳамагӣ 440 доллари америкоиро ташкил медод. Албатта ин рақам дар муқоиса бо давлатҳои нав рӯ ба истиқлолият ниҳода он солҳо пешрафти хеле бузург буд ва дараҷаи миёнаи зиндагии аҳолии ин давлатҳоро нишон медод, лекин дар муқоиса бо давлатҳои мутараққии ҷаҳон, чун ШМА, Англия, Франция, Германия ва Япония ин рақам (440) музди меҳнати ночизест, ки бо он як моҳ ҳам як оилаи миёнаро пӯшонидану хӯронидан мумкин нест.
Дар тӯли даҳ сол дар Сингапур ва Бруней чунон суръати баланди рушди иқтисодӣ ба даст оварда шуд, ки мислашро ҳатто давлатҳои тараққикардаи дунё надида буданд. Маҷмӯи маҳсулоти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё