Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
миллии Бруней, агар соли 1998 ба ҳар сари аҳолӣ то ба 24630 доллар расонида шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар Сингапур 30170 долларро ташкил дод. Вале, бо вуҷуди пешрафти техникии ин минтақа тафовути бамаломадаи байни ин давлатҳо дар тӯли ин 10 сол аз байн бардошта нашуд. Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар Малайзия соли 1998 - 3670, Таиланд - 2160, Филиппин - 1050 ва дар Индонезия ҳамагӣ 640 долларро ташкил намуд.
Бӯҳрони солҳои 1997-1998 таъсири худро ба пешрафти давлатҳои аъзои АСЕАН гузошт. Пешрафти босуръати иқтисодии бештари давлатҳои аъзои ин созмон халадор гардид. Ба суръати пешрафти иқтисодиёт проблемаҳои сохторӣ таъсири манфии худро расонданд. Вале ба ақидаи мутахассисони Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки ҷаҳонӣ боздошта шудани пешрафти иқтисодӣ проблемаи муваққатӣ буда, аз сохтор вобастагӣ надорад. Бинобар ин кишварҳои аъзои АСЕАН дар конференсияи моҳи декабр дар Ветнам баргузоргардида ду роҳи раҳои аз бӯҳрони иқтисодиро муайян намуданд.
Якум, истифодаи кӯмаки молиявии Япония дар ҳаҷми 30 млрд.
доллар бо мақсади мусоидат ба ислоҳоти сохторӣ, ки аз ин маблағ аслан Малайзия ва Таиланд 1,85 млрд. долларашро истифода бурда тавонистанду халос.
Роҳи дуюмро Сарвазири Малайзия пешниҳод намуда буд, ки он аз ворид намудани асъори умумии кишварҳои аъзои АСЕАН; назорати мигратсияи сармоя ва дар маҷмӯъ пурзӯр намудани танзими давлатии иқтисоди миллӣ иборат буд.
Мақоми олии роҳбарикунандаи АСЕАН Конференсияи сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои аъзои созмон аввали соли 2001 бунёди минтақаҳои тиҷорати озоди АСЕАН-ро то соли 2008 ба нақша гирифт. Барои амалӣ шудани он дар асоси қарорҳои махсус таъмики ҳамкорӣ барои таъмини амният, устувории системаи молия, телекоммуникатсия, туризм, кишоварзӣ, нақлиёт, тандурустӣ ва муҳити зист пешбинӣ гардид.
Ин аст самараи ҳамгироии иқтисодии минтақавии давлатҳои аъзои созмони АСЕАН.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё