Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

БОБИ VI. СТРАТЕГИЯИ ИҚТИСОДИИ ИТТИҲОДИ ШӮРАВИИ СОБИҚ БАЪДИ ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОН

Баъд аз ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон обрӯ ва эътибори Иттиҳоди Шӯравӣ дар арсаи байналмилалӣ хеле боло рафт.

Аҳли башар бе ягон таблиғоти зиёдатӣ дарк намуд, ки дар баробари ҷамъияти абарқудрати капиталистӣ дар ҷаҳон қувваи аз ҷиҳати тавоноӣ баробаре вуҷуд доштааст, ки ҳалли проблемаҳои муҳими ҷаҳон бе иштироки он номумкин аст.

Агар солҳои пеш аз Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷамъияти сотсиалистӣ танҳо аз Иттиҳоди Шӯравӣ ва Муғулистон иборат буд, пас аз ҷанг якбора бо кӯмаки Иттиҳоди Шӯравӣ ва муборизаи озодихоҳонаи мардуми давлатҳои Аврупои Шарқӣ ба лагери сотсиалистӣ давлатҳои Булгория, Полша, Венгрия, Чехословакия, Руминия, Югославия, Германияи Демократӣ дохил шуданд.

Мубориза барои ҳарчи бештар васеъ намудани лагери сотсиалистӣ, ки дар асоси сиёсати ондавраи Москва пеш бурда мешуд, солҳои аввали баъди ҷанг натиҷаҳои хубе дод. Дере нагузашта, дар натиҷаи муборизаҳои озодихоҳона ва албатта, кӯмаки Иттиҳоди Шӯравӣ халқҳои Хитой, Кореяи Шимолӣ, Куба ва Ветнам музаффариятҳо ба даст оварда, дар асоси принсипҳои марксизм ва ленинизм ҷамъияти худро пеш бурданӣ шуданд.

Ҳамин тариқ, дар ҷаҳон системаи махсуси иқтисодиёт ташаккул ёфт, ки онро то солҳои 1991 аҳли олам ҳамчун ҷаҳони хоҷагии сотсиалистӣ эътироф мекард.

Робитаҳои иқтисодии давлатҳои лагери сотсиалистии солҳои 1945-1965 чӣ аз ҷиҳати илмӣ ва чӣ амалӣ чунон дақиқ ба ҳам васл шуда буданд, ки он беихтиёр боиси пешрафти иқтисодӣ гардид.

Асоси чунин музаффариятҳо, пеш аз ҳама дар амалӣ намудани стратегияи иқтисодии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки он куллан мақсаду мароми халқҳои аз зери зулм ва асорати фашизм озодшударо ифода менамуд, иборат буд.

Бояд қайд кард, ки бо пурқудрат шудани лагери сотсиалистӣ давлатҳои капиталистӣ - давлатҳои аъзои блоки байналмилалии

пешина
аз 785
навбатӣ