Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
зидди фашизм, ки ба он бевосита ШМА ва Англия шомил буданд, аз робитаҳои иқтисодӣ бо Иттиҳоди Шӯравӣ даст кашида, ба тамоми давлатҳои лагери сотсиалистӣ "ҷанги сард"-ро эълон намуданд.
Ба харобии вазъи иқтисодиёти баъдиҷангии ин мамлакатҳо нигоҳ накарда, роҳбарияти онвақтаи давлатҳои капиталистии ҷаҳон, ба мисли ШМА, Англия, Италия, Канада, давлатҳои Скандинавия роҳҳои тиҷорати байналмилалии кулли давлатҳои Европа, Америки Лотинӣ ва давлатҳои Осиёро ба кишварҳои сотсиалистӣ бастанд.
Баъд аз мағлубияти чунин давлати сар то по мусаллаҳи Германияи фашистӣ онҳо хуб дарк карданд, ки бо Иттиҳоди Шӯравӣ минбаъд бо забони яроқ сухан рондан билкул мумкин нест.
Нияти онҳо дар бобати он, ки дар аввалҳои саршавии ҷанг давлати сермиллати Иттиҳоди Шӯравӣ худ аз худ аз дохил хароб мешавад, барбод рафт. Ҷанг баръакс, дӯстии халқҳоро боз ҳам мустаҳкам карда, якдилии онҳоро барои ҳимояю ҳифзи музаффариятҳои Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр беш аз пеш пойдор гардонд.
Эълони "ҷанги сард" дар баробари бастани роҳи бозори ҷаҳони капиталистӣ ба ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ, ки он "муҳосираи иқтисодӣ" ном дорад, ҳамчунин маънои пурзӯр кардани идеологияи зидди советиро низ дошт. Миллиардҳо доллари америкой барои таблиғоти сохтаю бардурӯг дар бораи комёбиҳои иқтисодӣ, илмӣ, маданӣ, маишии сохти капиталистӣ тавассути радио ва телевизион, рӯзномаҳо дар дохили лагери сотсиалистӣ, истифодаи сохторҳои ҷосусӣ, ташкилотҳои динӣ барои тезутунд намудани вазъияти дохилӣ равона мешуданд.
Барномаҳои махсуси таблиғотии зидди сохтори ҷамъияти сотсиалистӣ равонашуда тавассути радиои "Садои Америка", "Би-Би-Си", "Садои Европа" шабонарӯз бо забонҳои тамоми дунё пахш карда мешуд.
Дар баробари ин барои нигоҳ доштани вазъияти шиддатнок дар муносибатҳои иқтисодӣ, паст задани сифати молҳои аз давлатҳои сотсиалистӣ дохилшуда, ворид кардани маҳдудиятҳои бисёр ва таъмини бехатарии иқтисодии мамлакатҳои капиталистӣ бидуни манъи содироти таҷҳизоти пешқадами ин кишварҳо соли 1949

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё