Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба назорат аз болои содироти мол ба мамлакатҳои сотсиалистӣ (КОКОМ) таъсис дода шуд. Ба ҳайати ин Кумита тамоми давлатҳои аъзои НАТО (бидуни Исландия) ва инчунин Япония дохил шуданд.
Фаъолияти КОКОМ зери назорати ШМА амалӣ гардида, вазифаи пешгирӣ намудани содироти технологияи ҳарбиро ба давлатҳои лагери сотсиалистӣ адо менамуд.
Дар соли 1961 баъд аз парвози нахустин кайҳоннаварди Иттиҳоди Шӯравӣ ба кайҳон доираи фаъолияти кумитаи КОКОМ боз ҳам васеъ карда шуд. Бо мақсади таъмини минбаъдаи бехатарии ин кумита дар баробари тафтиши лавозимоту техникаи ҳарбӣ ва нимҳарбӣ тафтиши умумии тамоми амалиёти тиҷоративу иқтисодии давлатҳои Шарқу Ғарбро ба ӯҳда гирифт.
Дар ин бахш дар баробари омода сохтани низомнома ва дастурамалҳои зиёд барои муайян намудани номгӯи лавозимоту техникаи ҳарбӣ, қисмҳои муҳими таҷҳизот, маводи аввала ва ёрирасони стратегӣ, тасдиқи квота корҳои зиёдеро анҷом доданд.
Ширкатҳое, ки дар асоси рухсатномаҳои махсус вазифаи содирот ва воридоти номгӯи лавозимот ва техникаи ҳарбиро ба ӯҳда доштанд, бевосита аз тарафи сохторҳои махсуси ШМА назорат ва тафтиш карда мешуданд. Дар натиҷаи истифодаи системаи амалкунандаи тафтиш аз болои содирот фаъолияти ин кумита солҳои 1961-1980 натиҷаҳои самарабахш дод.
Мамлакатҳои сотсиалистӣ дар ин солҳо қариб аз 80 фоизи навовариҳои илмӣ дар соҳаи техникаи ҳарбӣ ва саноатии олами капиталистӣ бо сабаби "сирри махфӣ" доштанашон маҳрум буданд. Мавҷудияти чунин пардаи махсус ҷаҳони сотсиалистиро аз тарафи дигар, водор кард, ки ин давраро бо заҳмати миллионҳо одамон ва харҷи бисёр паси сар карда, баъд аз даҳсолаҳо маҳсулоти имрӯзаи ҷаҳони капиталистиро тавлид кунад.
Мақсади равшани кишварҳои капиталистӣ, ки дар сиёсати пешгирифтаи онҳо бо номи «ҷанги сард» баръало маълум буд, роҳбарияти лагери социалистиро водор намуд, ки барои таъмини пешрафти иқтисодиёти тамоми ин давлатҳо новобаста ба давлатҳои капиталистӣ, стратегияи иқтисодии худро кор карда барояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё