Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҳаҷм ва сохти тиҷорат байни давлатҳои иштирокчии ин Иҷлосия на дар ҳама ҳолат ҷавобгӯи имкониятҳои мавҷуда мебошад. Бояд дар ин кабил ҳамкориҳо ҳама гуна монеаҳо аз байн бардошта шуда, ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба қадри имкон мусоидат карда шавад.
Солҳои 1970-75 бошад, вусъати робитаҳои иқтисодии хориҷии Иттиҳоди Шӯравию кишварҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ бо давлатҳои ғарб баръало мушоҳида мешуд.
Роҳбарияти Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ дар ин солҳо пуркудрат шудани Иттиҳоди Шӯравиро ба назар гирифта, мақсад ба миён гузошт, ки бо ин созмони бонуфузи Европа робитаҳои бевоситаи иқтисодиро барқарор намоянд. Ҳулосаи калом, баъди имзо шудани созишномаи Хелсинки, бештари монеаҳои мавҷудаи сиёсӣ ва иқтисодии байни давлатҳои капиталистӣ ва сотсиалистӣ аз байн бардошта мешуданд.
Чунин шароити баамаломадаро ба назар гирифта, ба мақсади ҳарчӣ тезтар вориди бозори бидуни рақобати Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ шудан, ширкатҳои хориҷӣ намояндагии худро таъсис медоданд.
Давлатҳои мутараққии ҷаҳон кӯшиш мекарданд, ки баҳри ҳарчӣ бештар ҳавасманд намудани роҳбарони корхонаҳо, кумитаҳою вазоратҳо бо иштироки ширкатҳои машҳури ИМА, Аврупои Шарқӣ, Канада, Япония ва ғайра бахшида ба омӯзиши дастовардҳои давлатҳои алоҳидаи ҷаҳон, дар ҳудуди давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ симпозиум ва конференсияҳо гузаронанд.
Аммо бо ворид шудани қувваҳои ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ ба кишвари Афғонистон тамоми заҳматҳои 20 соли охир дар бобати барқарор намудани робитаҳои иқтисодии хориҷӣ бо давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон барбод дода шуданд.
Дар баробари ин нуқсонҳои зиёде дар муносибатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҷаҳони капиталистӣ мушоҳида карда мешавад. Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ ӯҳдадориҳои худро мутобиқи созишномаи дар иҷлосияи ҳамкорӣ ва амният соли 1975 дар Хелсинки баимзорасидаро иҷро намекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё