Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Бемасъулиятӣ ва дар вақташ иҷро нашудани ӯҳдадории дар созишномаҳо зикрёфтаи оид ба хариду фурӯши ин ва ё он мол боиси пардохтани ҷаримаҳои зиёд аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ мегардид.
Чунин ҷаримаҳо дар натиҷаи содироти молҳои назар ба молҳои дар созишнома тасдиқшуда пастсифат, дар мӯҳлати муайяншуда омода накардани бор, ба эътибор нагирифтани ҳаҷми киштӣ ва ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ набудани бастабандӣ ва тамғагузории мол низ ситонида мешуданд.
Хулосаи калом, қисми муайяни даромади мамлакат, ки бояд аз содироти мол ба даст меомад, бинобар чунин бемасъулиятӣҳо ба давлатҳои ҷаҳони капиталистӣ интиқол мешуд.
Давлатҳои ҷаҳони сотсиалистӣ хуб дарк намекарданд, ки мамлакатҳои капиталистӣ барои худ тамоми шароитҳоро фароҳам овардаанд. Тамоми молҳои дар ҷаҳон истеҳсолшаванда дар бозорҳои ҷаҳонӣ, асосан дар марказҳои тиҷоратии Европа, ШМА ва Япония хариду фурӯш мешаванд.
Соли 1985 дар давраи роҳбарии М.С. Горбачев барои бартараф кардани нуқсонҳои ҷойдошта ва омода сохтани ҷамъияти сотсиалистӣ барои ҳамкорӣ бо ҷаҳони капиталистӣ дар тамоми мамлакат бозсозиҳои иқтисодӣ оғоз ёфтанд.
Дар баробари гузаронидани либерализатсияи иқтисодӣ моҳи июни соли 1987 дар асоси банди 19 Қонуни Иттиҳоди Шӯравӣ "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" ба тамоми корхонаҳо ҳуқуқи бевосита барқарор кардани робитаҳои иқтисодии хориҷӣ бо ҷаҳони капиталистӣ, бунёди корхонаҳои муштарак ва хариду фурӯши моли худ ҳуқуқҳои зиёд дода шуд.
Аммо бо вуҷуди чунин иқдоми ҳукумат боз монеаҳои зиёде садди роҳ мешуданд. Масалан, ба шароити нав мутобиқ насохтани механизми иқтисодиёти бозорӣ боиси дар анборҳои корхонаҳои истеҳсолӣ афзудани шумораи молҳои истеҳсолшуда гардид, ки он ба муваққатан бастани корхонаҳо оварда расонд.
Давлатҳои зиёди Аврупои Шарқӣ, ки бозсозиҳои иқтисодиро нисбатан пештар сар карда буданд, чунин монеаҳоро бартараф намуда, афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулоти худро таъмин карда тавонистанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё