Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳодҳои роҳбарони вазорату корхонаҳоро ба назар гирифта, ба ҷараёни бозсозӣ ислоҳот ворид намуданӣ шуд. Вале дере нагузашта, дар як лаҳза, бидуни табаддулоти инқилобӣ яке аз давлатҳои абарқудрати ҷаҳон - Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт.

Робитаҳои иқтисодии хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлатҳои лагери сотсиалистӣ бо давлатҳои ҷаҳони капиталистӣ ва дар ин асос вориди бозори ҷаҳонӣ шудан дар баробари таъмини пешрафти иқтисодӣ, таъсири манфии худро оҳиста-оҳиста ба сохтори ҷамъиятии сотсиалистӣ низ расонда тавонист.

Аз соли 1980 сар карда дар натиҷаи ба дараҷаи баландтари рушди иқтисодӣ расидани давлатҳои Европои Шарқӣ, бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳои лагери сотсиалистӣ маълум гардид.

Роҳбарияти баъзе давлатҳои Европои Шарқӣ қафомонии иқтисодии худро аз сиёсати маҳдудкунандаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва нуқсонҳои дар фаъолияти СЭВ ҷойдошта медиданд. Камбудиҳои мавҷударо ба назар гирифта бисёр давлатҳо гузаронидани ислоҳоти иқтисодиро талаб мекарданд. Аз тарафи дигар, шароити бозори ҷаҳонӣ ва робитаҳои иқтисодии байналмилалӣ даровардани баъзе тағйиротро дар сиёсати иқтисодии хориҷӣ тақозо менамуд.

Аммо дар Москва чунин пешниҳод ба таври дигар маънидод шуда, тезутунд шудани вазъи дохилии давлатҳои алоҳидаи Европа пардапӯш карда мешуд.

Чунин муносибат оҳиста-оҳиста боиси баромадҳои зиддисоветии халқҳои Руминия, Югославия, Чехословакия гардида, сабаби сустшавии қудрати ҷаҳони сотсиалистӣ гардид.

пешина
аз 785
навбатӣ