Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
БОБИ VII. ШӮРОИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ
Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷаҳон ба ду низоми ба ҳамдигар муқобил - сотсиалистӣ ва капиталистӣ тақсим шуд. Ин ду низом бо ҳамдигар на танҳо зиддиятҳои сиёсӣ доштанд, балки дорои сохторҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва молиявию тиҷоратии мухталиф низ буданд.
Бо эълони «ҷанги сард» ва нисбат ба давлатҳои лагери сотсиалистӣ истифода бурдани сиёсати муҳосираи иқтисодӣ, роҳбарияти давлатҳои Европаи Шарқиро водор кард, ки дар асоси принсипҳои бунёди Иттиҳоди иқтисодии Европа ба бунёди созмони Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ шурӯъ намоянд, ки он бар хилофи иқтисоди муштараки кишварҳои капиталистӣ бошад.
Шӯрои ҳамкории иқтисодӣ, ҳамчун як сохтори бонуфузи байналмилалӣ, соли 1949 бо мақсади идора намудани фаъолияти хоҷагии давлатҳои сотсиалистие, ки бо ҳам мақсади ҳамкорӣ доштанд, таъсис дода шуд.
Мувофиқи Низомномаи давлатҳои аъзо, ки соли 1959 қабул шуда буд, вазифаи асосии ин созмон аз дар сатҳи баланд ташкил намудани ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникиге, ки самаранок истифода бурдани қувваҳои истеҳсолиро таъмин намуда, боиси суръатнокшавии ҳамгироии иқтисодии онҳо мегардад, иборат буд. Инкишофи ҳамкории иқтисодии байни ҳамаи кишварҳои олам дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мустақилият ва манфиатҳои миллӣ, манфиатҳои мутақобила ва дастгирии рафиқонаи ҳамдигар, қабули қарорҳои ягона дар асоси розигии тарафайн, вусъат додани муносибатҳои бисёрҷониба, ҳамоҳангсозии банақшагирии хоҷагии халқ, махсусгардонӣ ва ривоҷ додани кооператсияи истеҳсолӣ эътироф гардид.
Бо раванди бештар гардидани таъсири низоми сотсиалистӣ ба муносибатҳои байналхалқӣ дар солҳои минбаъдаи таъсиси Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ нуфузи Иттифоқ ва иштироки он дар ҳалли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ