Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

масъалаҳои иқтисодӣ, ки характери васеи байналхалқӣ доштанд, зиёд гардид.

Солҳои аввали бунёд ба аъзогии Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ аксаран давлатҳои сотсиалистии дар ҳудуди Европа ҷойгиршуда дохил гардиданд. Баъдтар, соли 1962 ба ин созмон Муғулистон, соли 1972 Куба, соли 1978 Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам низ шомил шуданд. Барои иҷрои вазифаҳои дарпешистодаи Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ сохтори роҳбарикунандаи зерин таъсис дода шуд:

  1. Сессияи Шӯро.
  2. Кумитаи иҷроия.
  3. Кумитаҳои Шӯро.
  4. Комиссияи доимоамалкунанда.
  5. Котиботи Шӯро.

Сессия мақоми олии Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ ба шумор рафта соле як маротиба дар пойтахти давлатҳои аъзо даъват карда мешуд ва натиҷаҳои фаъолияти яксолаи Шӯроро таҳлил намуда, вазифаҳои ҳамкории иқтисодии давлатҳои аъзоро дар соли минбаъда аниқ мекунад.

Дар фосилаи байни ду съезд ташкили кор оид ба вазифаҳои минбаъда, ҳамоҳангсозӣ ва назорат аз болои иҷрои супоришҳо пурра ба зиммаи Кумитаи иҷроияи Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ гузошта мешуд.

Иттиҳоди Шӯравӣ бунёди Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ ва мақсадҳои неки ҳамкории давлатҳои Европаи Шарқиро комилан дастгирӣ намуда, дар ҳалли тамоми масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб кӯмаки худро дарег надошт.

Соли 1962 баъд аз ҷаласаи котибони якуми Ҳизби коммунистӣ ва роҳбарони давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ, ки дар шаҳри Москва баргузор гардида буд, иштирокчиёни он сиёсати иқтисодии пешгирифтаи давлатҳои Европаи Шарқиро дастгирӣ намуда, барномаи аз нуқтаи назари ҳаётӣ ва илмӣ асоснокшудаи тараққиёти давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодиро пурра тасдиқ карданд.

пешина
аз 785
навбатӣ