Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Соли 1964 хатти магистралии қубури нафти трансевропогии "Дружба" пурра ба истифода дода шуд, ки тавассути он дар соли аввал 8,3 млн. тонна нафти хом интиқол дода шуд. Баъди муддати кӯтоҳ хатти дуюми қубури нафт ба истифода дода шуд, ки ба воситаи он ҳар сол давлатҳои Чехословакия, Венгрия, Полша ва Германияи Демократӣ зиёда аз 50 млн. тонна нафти хом мегирифтанд.
Амалӣ шудани ин нақша вазъи иқтисодии давлатҳои лагери сотсиалистии дар қаламрави Европа ҷойгирифтаро беҳтар намуд. Танҳо аз сарфа намудани буҷети давлат, ки пештар барои ворид кардани нафт сарф мешуд, давлатҳои номбурда ҳар сол миллионҳо доллари амрикоӣ фоида мегирифтанд. Дар баробари ин барои инкишоф додани саноати химия замина пайдо шуд.
Кумитаи иҷроияи Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ оид ба ҳарчи тезтар ҳал намудани проблемаи энергетикӣ корҳои зиёдеро анҷом дод.
Охирҳои соли 1964 хатти баландшиддати барқи "Мир", ки он тамоми системаҳои барқии Ҷумҳурии Демократии Германия, Чехословакия, Полша, Венгрия, Руминия, Булғория ва Иттиҳоди Шӯравиро пайваст мекард, ба истифода дода шуд.
Пешравию комёбии соҳаҳои алоҳида маҷбур сохт, ки ҳамкориро дар бахшҳои дигар низ вусъат диҳанд.
Соли 1964 созишномаи муҳиме ба имзо расид, ки дар асоси он дар давлатҳои аъзо барои ҳарчи бештар суръатнок кардани гардиши нақлиёт парки ягонаи локомотивии аз 200 ҳазор адад вагон иборатбуда бунёд карда шуд. Дар ин бахш якбора ба ҳамкорӣ дар соҳаи роҳи оҳан, алоқаи ягонаи телефон, бунёди ягонаи марказҳои шабакаи барномаҳои телевизион - "интервидение" вусъат дода шуд. Ҳамкории иқтисодӣ байни саноати вазнин ва металлургияи сиёҳ бо номи "Интерметалл", байни саноати химия - "Интерхим" вусъат гирифта буд. Чунин пешрафти иқтисодиро ба назар гирифта, соли 1964 Ҳукумати Югославия ба тариқи ихтиёрӣ барои ширкат дар ҳалли масъалаҳои манфиатдор бо роҳбарияти Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ созишнома ба имзо расонд ва Муғулистон мувофиқи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ