Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ иштирок доштанд. Вазифаи асосии Комиссияи Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ аз ташкили кор барои вусъат додани тиҷорати байнидавлатӣ иборат буд. Аз солҳои аввали фаъолияти худ, комиссияи таъсисдодашуда ҳаҷми тамоми молҳои содирот ва воридоти давлатҳои алоҳидаро муайян менамуд. Фармон ва дастурҳои комиссия барои кулли давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ шарт ва иҷрои он таҳти назорат гирифта мешуд.
Муносибатҳои иқтисодии хориҷии байни давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ солҳои аввали бунёд бо сабаби харобиҳои зиёди баъдиҷангӣ (набудани пул, захираи давлатии тилло ғорат шуда буд) дар асоси созишномаҳои ҷубронӣ ба роҳ монда шуда буданд. Ин амал ягона роҳи наҷоти миллат аз зери асорати фашизм буд. Дар ин роҳ хизматҳои Иттиҳоди Шӯравӣ хеле калон буд. Тадриҷан бо кӯмаки техникӣ, кредиту заёми Иттиҳоди Шӯравӣ дар тамоми давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ ислоҳоти пулӣ гузаронида шуда, сохторҳои давлатии назорат аз болои истифодаи асъор, кредит ва молия аз нав бунёд карда шуданд.
Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ комиссияи ташкилӣ савдои дохилӣ ва хориҷиро дар асоси банақшагирии панҷсола амалӣ менамуд. Чунин сиёсати дурусти иқтисодӣ дар оянда боиси дар тӯли якчанд панҷсолаҳо мӯътадил ва дар як сатҳ нигоҳ доштани нархи мол ва ашёи хом гардида буд.
Чунин имтиёзҳо боиси он гардид, ки соли 1990 муомилоти молии байни давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ 229 млрд. рублро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 1949 40 маротиба зиёд буд.
Асоси муомилоти савдои давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодиро доду гирифт бо Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил мекард. Агар соли 1990 кулли содироти Иттиҳоди Шӯравӣ 70,7 млрд. рублро ташкил карда бошад, 43,8%-и онро (бе дарназардошти муомилоти молӣ бо Германияи Демократӣ) ба давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ ташкил медод. Иттиҳоди Шӯравӣ зиёда аз 40%-и истеҳсоли сӯзишворӣ, ашёи хом ва маҳсулот, 70% сӯзишвории сахт,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ