Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
зиёда аз 50%-и ҳаҷми истеҳсоли газ, 87% прокати фулузоти сиёҳ, 96% ангиштсанг, 98% нерӯи барқ, 75% маъдани оҳан ба давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ содир мешуд.
Ҳамкорони асосии Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 90-ум бо вуҷуди авҷгирии ислоҳоти иқтисодӣ ҳам асосан давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ ба шумор мерафтанд. Соли 1990 муомилоти молӣ бо Германия 19,5 млрд. сӯм, Полша 12,1 млрд. сӯм, Булғория 11,7 млрд. сӯм, Чехословакия 11,3 млрд. сӯм, Венгрия 8 млрд. сӯм, Куба 7,1 млрд. сӯм, Руминия 4,2 млрд. сӯм, Югославия 4,0 млрд.
сӯмро ташкил мекарданд.
Муомилоти асосии байни давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодиро воситаҳои техникӣ (мошинҳо ва таҷҳизот) ташкил мекард. 63% талаботи корхонаҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ қаноатбахш иҷро карда мешуд. Саноати мошинсозӣ чунон босуръат тараққӣ мекард, ки мислашро дар ҷаҳон надида буд. Дар натиҷа ҳиссаи таҷҳизот ва воситаҳои техникӣ дар муомилоти молии давлатҳои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ аз 20,5% соли 1950 ба 41% соли 1989 расонида шуд. Тараққиёти босуръати саноати мошинсозӣ бештар дар чунин давлатҳо, ба монанди Булғория, Полша, Руминия мушоҳида карда мешуд, ки пештар умуман чунин соҳа дар ин кишварҳо вуҷуд надошт.
Қисми дигари муҳими муомилоти молии давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодиро фурӯши сӯзишворӣ, ашёи хоми минералӣ ва фулузот ташкил мекард. Агар Чехословакия ба бозори давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ ангиштсанг, кокс, маъдан, оҳан, прокати фулузоти сиёҳ барорад, Руминия маҳсулоти нафтӣ, прокати фулузоти сиёҳ, маҳсулоти чӯбу тахта, Полша - ангиштсанг, кокс, мис, рух, сулфур, Куба - маҳсулоти хоми никелӣ, Венгрия - боксит, гилхок, Булғория - рух ва сурб содир мекарданд.
Вусъатгирии муомилоти молӣ дар назди давлатҳои аъзои
Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ масъалаи махсусгардонии истеҳсолотро
ба миён гузошт. Солҳои 1970-80-ум махсусгардонии истеҳсолоти
давлатҳои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ барҷаста мушоҳида карда
мешуд. Иттиҳоди Шӯравӣ вазифаи истеҳсол ва таъмини талаботи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ