Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Чаҳорпоёне, ки қурбонии онҳо ҷоиз аст

Ҳайвоноте, ки шариат забҳи онҳоро барои қурбонӣ ҷоиз донистааст, буз, гўсфанд, шутур, гов ва говмеш мебошанд, чӣ барои узҳия ва чӣ барои ҳадйи Ҳарам забҳ шаванд.270 Забҳи дигар ҳайвонот, ҳамон гуна ки гуфта шуд, барои ин амр ҷоиз нест. Худованд навъи чаҳорпоёни қурбониро худ муайян намуда ва дар Қуръони карим онҳоро «баҳимату-л-анъом» номидааст, он ҷо ки мефармояд: «Ва барои ҳар уммате ид ва забҳ (ва ё забҳгоҳ)-е гардонидаем, то номи Худоро бар ончи ба онҳо аз баҳимаи анъом рўзӣ додааст, ёд намоянд».271 Баҳиматул-анъом дар луғат ба маънои ҳайвонот – чаҳорпоёни ҳалолгўшти хонагӣ аст.272 Дар таълимоти суннати набавӣ паҳлўҳои дигар ва аҳкоми бозмондаи ин шиори рўзи ид – қурбонӣ ба тафсил баён гардидааст. Қурбонӣ ва забҳи чаҳорпоёни мазкур ба ду шарти зерин дуруст мешавад:

  1. Синнашон барои қурбонӣ расида бошад. Синни қурбонӣ барои чаҳорпоёни мазкур он аст, ки гўсфанд як, гов ду ва шутур панҷ солро пур карда бошанд. Танҳо гўсфанде, ки шаш моҳ ва ё аксари ҳавл (сол)-ро пур карда, зоҳиран аз гўсфанди яксола чандон фарқе надошта бошад, низ қурбонияш ҷоиз аст.
  2. Солим буда, ҳеҷ айбу нуқсе надошта бошанд, яъне ҳеҷ як аз аъзои онҳо, ба монанди даст, пой, дум ва ё гўшашон бурида нашуда бошад ва ҳамчунин ҳайвони
    кўр, лоғар (хароб) ва ё ланге набошад, ки натавонад то қурбонгоҳ биравад, зеро қурбонии он ҷоиз нест.273
    Аз Алӣ (р) ривоят шудааст, ки паёмбар (с) фармуд:
    «Чашм ва гўши моли қурбониро бо диққат нигоҳ кунед ва чорвои кўр, гўшбурида, ки нўг ва ё бари гўшаш бурида шудааст ва чорвои гўшчок ва гўшсўрохро қурбонӣ накунед».274 Дар ин ҷо ба баъзе масоили марбут ба қурбонӣ ва ҳамчунин ба баъзе васфҳо ва хусусиятҳои чаҳорпое, ки барои қурбонӣ пешбинӣ мешавад, ишора менамоем:
  3. Дар шутур ва гов ҳамчунин ширкати то ҳафт нафар қурбоникун дуруст аст. Вақте чанд кас (аз ду то ҳафт нафар) дар як қурбонӣ шарик шаванд, қурбониашон вақте дуруст мешавад, ки хосту иродаи ҳамаи шарикон наздикӣ ба сўи Худованди мутаъол бошад. Агар яке аз шарикон мақсади харидани гўшт дошта бошад, на қурбонӣ ва ё қурбати дигаре, қурбонии дигар шарикон низ дуруст намешавад.
    Агар ҷиҳат ва навъи қурбати шарикон аз ҳам фарқ кунад, масалан, яке барои қурбонӣ, дигаре барои шукри (ҳадй)-и таматтўъ, сеюмӣ барои ҳадйи қирон, чорумӣ барои каффорати савганд, панҷум барои ҷаримаи хун дар тарки эҳром аз миқот, шашум барои ҳадйи нафлӣ дар ҳаҷҷи ифрод ва ҳафтум барои ақиқаи фарзандаш дар он шарик шаванд, боке надорад, зеро нияти ҳама қурбат ва наздикӣ ба Худо аст.

270 Қурбоние, ки бар ҳамаи мусалмонони дорои шароит воҷиб аст, онро дар истилоҳи уламои фиқҳ узҳия (ةيِحْضُلأا) мегўянд. Аммо он чорвое, ки ҳаҷгузор дар рўзҳои ид пас аз анҷоми маносики ҳаҷҷи қирон ва ё таматтўъ дар ҳудуди ҳарам забҳ менамояд, онро ҳадй (يْدَهلا) мегўянд.
271 Сураи Ҳаҷ(ҷ), 22: 34.
272 Муфрадоти Роғиб. – С. 149. Зайли моддаи «баҳм».
273 Расули Худо (с) мефармояд: «Қурбонӣ бо чор навъи мол дуруст намешавад: ланги ошкор, кўри ошкор, касали ошкор ва лоғаре, ки мағз надорад». (Сунани Абўдовуд, 2802; Сунани Тирмизӣ, 1497; Сунани Насоӣ, 4381, 4382, 4383; Сунани Ибни Моҷа, 3144) 274 Сунани Абўдовуд, 2804; Сунани Тирмизӣ, 1498; Сунани Насоӣ, 4384, 4385; Сунани Ибни Моҷа, 3142, 3143.

пешина
аз 190
навбатӣ