Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  1. РЎЗҲОИ ДИГАР, СЎЗҲОИ ДИГАР

Дуруст мегўянд, ки то бемор нашавӣ, қадри сиҳатиро намедонӣ. Тану ҷони сиҳат – давлати бебаҳо, гуфтаниашон рост. Падару модар дар ин хусус насиҳат кунанду таъинот диҳанд, гўш намекунем, гумонамон ҳамту, аз рўи одат ва тақозои вазифаи падарию модарӣ мегўянд. Аммо дар асл, онҳо аз таҷрибаи худ моро сари вақт огоҳ карданӣ мешаванд, мехоҳанд, ки аз қадамҳои аввали ҳаёти мустақил саломатиамонро эҳтиёт кунем. Аммо онҳо як чизро ба инобат намегиранд, ки ҷисму ҷони ҷавон ба эҳтиёт ва андешаю таҳаммул ҳоҷатманд не. Балки ба синни онҳо расем, мо ҳам пухтакору боэҳтиёт мешудагистем, кӣ медонад.
Ҳоло духтур ба ман иҷозати берун рафтан дод. Баромада дар сояи дарахтон хеле вақт нишастам. Дар даст қуттичаҳои дору Инобат омаду сари роҳ бо ман ҳамгап шуд.
– Ҳамон рўзи гуфтагиатон як духтара дар истгоҳ дидаму аз дилам гузашт, ки ҳамон кас, – гуфт Инобат баробари рў ба рў шудан ба гап даромада, – сонӣ, ба хобгоҳашон равам, худашон. Дил гувоҳӣ медиҳад-дия, – вай ба назди Рухсора рафтанашро мегуфт.
Ман аз Инобат хоҳиш карда будам, ки узри хабар гирифта натавонистани маро ба Рухсора расонад.
– Ман шаб дар хобгоҳ хоб кардам. Ҳамхонаашон наомад, танҳо буданд.
Рафта аз хона хўрок овардам. Ҳарду то нимишаб китоб хондем. Ман ҳам ба институт тайёрӣ дида истодаам-ку.
– Ману вай дуруст шинос не. Бетаъин будаст нагўяд, гуфтам-дия.
– Духтари ҷудо ҳам нағз, ба ман маъқул. Хайр, ҳоло ҷавон. Аммо ҷудо ҳам мулоҳизакор. Одаму оламро надидаст... Рафта-рафта мефаҳмад.
Аммо ҳамин мулоҳизакории вай ҳам, ки Инобат нобоварӣ ва беқатъиятии ўро дар назар дошт, ба назари ман ҳусни малеҳ, аз сифатҳои мафтункунандаи вай барин менамуд. Дар дилам мегуфтам, ки духтарони густох ва маҳмаддоно аз нафосат ва назокати ҳақиқӣ маҳруманд. Баъди бо Рухсора вохўрдани Инобат ба ман чунин менамуд, ки дар арафаи воқеаҳои аҷибу ғариб, иду тантанаи ҳанўз ба худам ҳам номаълум зиндагӣ мекунам, фардо ё пасфардо воқеаҳои гўшношунидае рўй медиҳанд, ба ман хушхабарҳои тоза ба тоза мерасад, бо одамони наҷибе шиносо мешавам.
Биноҳои якқабатаи ин бемористони кўҳнаи шаҳр дар байни боғу гулзорҳо ғўтида буд. Ман бо пайраҳаи серсоя мерафтам, ки ногоҳ ба майдончаи фарохе баромадам. Чор тараф–дарахтони азим, дар миёна гулзори ботаровате, гирдогирди он гулҳои оташини тоҷи хурўс фурўзон буда, дар мобайн раддаҳои ҳиною райҳон, гули хайрӣ ва ҳусни Юсуф шукуфта, атрофро муаттар мекарданд. Азбаски нури офтоб ба ин гулзор фақат нимрўзиҳо бемалол меафтад, гулҳо қад кашида буданд. Шўълаи зиёди офтоби ҷануб ба сабзиши растанӣ монеъ мешавад. Ман дар канори гулзор нишаста, гулҳоро бўидам, барги хушкидаи бағалшохашонро беозор шикаста партофтам, печаку аҷриқҳои дар буни гулҳо сар задаро кандам. Одам гоҳе бо табиат танҳо ба танҳо мондан мехоҳад. Бо гулу гиёҳ, шабпараю гамбускҳо машғул будан, гуфтугў кардан нашъае дорад, ки ҳеҷ монед!

пешина
аз 91
навбатӣ