Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гоҳе чунин менамояд, ки ман забони баргҳо ва замбўруҳоро мефаҳмам ва онҳо ҳам нияти маро пай мебаранд. Дар асл забони баргҳо ва гулҳоро, шеваи ҳазорон ҷонварони хурду калонро фаҳмидан чандон мушкил нест. Ба замин оҳистатар по монед, беталвоса, бевалвала, бодиққат нигаред, гўш кунед, ором ва бехалал зиндагӣ кунед... Барои мардуми пурғавғо табиат гунгу кар аст, ҷонварон безабонанд, дарҳои сиру асрори ҷамоду набот бастаю пўшида аст. Одами пурғавғо фақат садои худро мешунаваду бас... Охир ҳар як кашфиёти ҳасадангези аср, ки имрўз бо он ифтихор мекунем, тақлиде ба офаридаҳои табиат аст. Аввал табиат радар ва локатори ултрасадо сохта, онро ба делфин ва кўршапара тақдим кардааст. Шабпараи нобино бо ҳамин «локатор»-и табиии худ дар як дақиқа дувоздаҳто хомўшак медорад. Табиат таҳ ба таҳ сиру асрор аст, кони ҳусну зебоӣ аст. Ана, замбўрҳои асал аз гул ба гул нишаста шаҳд меғундоранд, кор мекунанд!
Чашмам ба тўдаи поруи кўҳна афтод. Оварда, ба ин ҷо рехта, баъд ба замини гулзор пошидаанд. Рўзномаи дар дастам бударо кушода, бо тахтапорае аз он пору қадре гирифтам.
Дар палата Ҷаводзодаву Оқилов харбуза мебуриданд. Андаке сабр кардам, то ки хўрда шаванд.
– Дар коғаз чӣ печонда овардед? – пурсид Оқилов ва чашми ҳарду ба дасти ман дўхта шуд.
– Пору.
Чашмҳои аз косахона ҷаҳида баромадаи онҳоро дида, хандаам гирифт.
– Дар «Алифбо» буд, ё «Китоби хониш», – Ҷаводзода дастпоккунон боз ба гуфтани ривояти ба ҳама маълуме сар кард, – бачае аз аробакаш мепурсад:
«Амак дар ароба чӣ меоред?» «Пору», – ҷавоб медиҳад аробакаш. «Охир, ин пору не, ҳезум-ку! – гўяд, аробакаш: «Донӣ, чаро мепурсӣ», мегўяд.
– Бача ҳам нагуфтаст-дия: «Муаллимамон гуфтанд, ки пурсидан айб не», – илова кардам ман.
Ҳама хандидем. Баъд Оқилов пурсид:
– Бешўхӣ гўед, чӣ вай?
– Пору. Барои ин гулҳо, – ман ба ду тубаки гул, ки дар пештахтаи тиреза гузошта буданд, ишора кардам. Баъд бархоста, бо нўги корд хоки тубакҳоро нарм кардаму пору андохта об додам, шохҳои ба ҳар сў овезоншудаи гулҳоро рост карда бастам.
– Заб дили дарё доштед-дия! Оқилов ба кори ман нигариста истоду дилтанг шуд.
– Кори савоб мекунанд, – Ҷаводзода мисли ҳамеша боз муқобили фикри улфати худ сухан гуфтанд: – Шумо барин як умр шикан-шикан-мӣ?
Баъд ба ман рў оварданд: – Як тубакро афтонда пора-пора карданд-дия!
– Афсўс, – гуфтам ман аз кор сар набардошта.
– Ба ҳамон ҳам афсўс! Эҳ-ҳа, шумо ҳам қиёмата ба таги дар овардеду мондед-ку!
– Ҳамин гулу гиёҳ ҳам мову шумо барин озорро ҳис мекунад, аз ранҷу азоб бетоқат мешавад, ҳатто нола мекунад.
– Э, монед-е!

пешина
аз 91
навбатӣ