Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Одам қадри худро надонад ҳам мушкил будааст! – Самеъзода бо таассуф сар ҷунбонданд, баъд рў турш карда, даст афшонданду ба ҷои худ нишастанд.
Ман он рўз дар рў ба рўи ректор нишаста, суханони он касро шунида, фикр мекардам, ки ҷиддан мегўянд ё аз рўи вазифадорӣ ҳамин хел гуфтанашон зарур аст, бинобар он, мегўянд. Ҳар чи ҳам бошад, он кас ҳақиқати талхи зиндагиро бепарда ба ман гуфта буданд. Аммо ман ҳамон рўз суханони он касро шунида, дар дилам ба соддадилии ректор хандидам. Сонитар ин сўҳбатро ба ёд оварда, гўё ягон масъалаи дандоншиканеро ҳал мекарда бошам, фикр мекардам. Кӣ медонад, аҷаб не, ректор ҳам ба тарзи худ ҳақ бошанд?
Ҳамон рўзҳо ректор Рухсораро ҳам ба назди худ ҷеғ зада, насиҳат кардаанд. Суханони ба вай гуфтагиашон ҳам ба нафъи мо набуд. Аммо фақат ману вай ҳис мекардем, ки ҷудоӣ чандон осон не, он барои мо баробари бадбахтии калон аст.
Бо вуҷуди ин, баъди гуфтугў бо ректор Рухсор хислатҳои аҷиб пайдо кард.
Аз ҳар чиз, аз ҳар як духтару зане, ки бо ман ҳамгап медид, шубҳа мекарду фавран омада мегуфт, ки маро диданӣ, гапи зарур дорад. Баъд маълум мешуд, ки ҳеҷ гапи зарур надораду фақат шубҳаю гумони беасос дили ўро харошидааст.
Боре ман аз Рухсора пурсидам, ки чаро падару модараш хушбахтии моро намехоҳанд, нияташон чист?
– Надонам, – гуфт вай андешамандона сарашро ба як тараф андаке хам карда. Аммо аз авзоаш аён буд, ки медонад.
– Охир, худатон медонед, дар аввал муқобил набуданд, тағоятону апаатон омада, маро дида рафтанд...
Аввалҳои сентябр буд. Рўзе Рухсора хабар овард, ки хешовандонаш омада, маро диданианд, фардою пасфардо ба кор сарулибоси дурусттар пўшида оям.
«Гум кунед, ин кафша, – гуфт вай ба туфлии кўҳнаи рангдодаи ман бо кароҳат нигариста. – Аз афташ пули ёфтагиатон ба ресторан меравад!» – вай ба чашми ман маломатомез нигарист. Чӣ ҳам гўям, мисли дигарон вай ҳам гумон мекунад, ки ман дар донишгоҳи олӣ кор мекунам, моҳонаи калон дорам. «Онҳо тарафдори шумо, худатонро надида, маъқул... ба дадаам таъриф карданд. Аммо дадаам бо кадом як ҷўраашон қудо мешавем, гуфтагӣ аз афташ. Вай бача дар Москва аспирант будаст. Боз кӣ медонад. Мумкин барои ҳамин дудилаанд», мегуфт вай. «Тағоям шуморо дида, гапзанон карданианд. Нашиносанд ҳам, ба дадаам тарафи шуморо гирифта, гап заданд. Гуфтанд, ки бачаи нағз будаст, нағз хондаст, ки ба ҳамин хел институт ба кор гирифта мондаанд». «Дадаатон чӣ гуфтанд?» – пурсидам ман.
«Дадаам гуфтанд, ки... – вай лаҳзае ғулунгхоӣ карду сонӣ ночор иқрор намуд:
– Гуфтанд, ки ҳеҷ касаш нест, танҳо, бе пуштупаноҳ... Сонӣ як рўз духтарама мегираду ба қишлоқаш меравад... ман ба дидораш зор...» Вай аз гуфта пушаймон барин нигоҳашро аз нигоҳи ман гурезонда, бо нохунаш андармон шуд. Ман боз таҳковӣ карда пурсидам: «Боз чиҳо гуфтанд? Гўед, ин фоида дорад, ман ба ҳамин нигоҳ карда, кор мекунам, ҳаракат менамоям, ки дилпур шаванд». Рухсора узромез ба рўи ман нигариста, табассум кард, сонӣ ман боз ба исрор талаб кардаму гуфт: «Хайр, чӣ ҳам мегуфтанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё