Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
худаш танҳо, бекас, на хонаю ҷояш дар ин ҷо, на падару модараш... Зери боми осмон зиндагӣ карда намешавад-ку, гуфтанд... Э, гапи бисёр мезананд ҳамааша чинда мегардам-чӣ?!»
Ҳамаи ин гуфтугузори ғайритабииро ҷиддӣ дарк карда наметавонам.
Ҳамаи ин гапҳои сохта, мазоҳу бутафория маро ҳайрон мекарданд, ақида ва принсипҳои касро зеру забар сохтанӣ мешуданд. Агар дар миён Рухсора намебуд, ман дар олам хотири ҳеҷ чизи дигар бо ин хел мардум сарукордор намегаштам. Рухсора бо рўи хотир ва мулоҳизакории худ дасту пои маро бастааст. Бар замми ҳамаи ин гапҳо, худаш ҳам дили маро пайваста харош медод, ҳар замон хотирамро парешон мекард. Баъзан ўро шинохта намешавад, монанди ҳавои баҳор ҳар нафас дигар мешавад. Агар имрўз бо ман меҳрубон, ҳамчун бо дўстдори худ боназокат муомила кунад, рўзи дигар бесабаб аз ман рамида мегузашт. Чунон вонамуд мекард, ки маро дуруст намешиносад.
Чанд рўз боз дар дилам гиреҳ карда гаштаам, ки ўро ба мулоқот, ба ягон ҷои аз назари шиносҳо дуртар таклиф карда, батафсил гапзанон кунам. Аммо вай пагоҳу фардо гуфта, чап дода мегардад.
Оқибат, як шаби истироҳат мо дар хараки зери чинори калон нишаста, қариб ду соат гапзанон кардем. Шоху барги чинори солдида, ки ба осмон панҷа мезад, моро ба монанди чатри бузурге паноҳгоҳ гашта буд. Аз ҳаво салқинии борон меомад. Ман пиҷакамро ба китфи Рухсора андохтам. Ду гесўи дарозаш аз таги рўймоли шоҳӣ лағҷида ба пасу пеш афтода, ўро бағоят дилошўб менамуд. Гесўҳо аз нисф поён нобофта буд. Ба ёдам расид, ки пештар дар деҳаи мо занону духтарон фақат рўзи азои сахт мўяшонро кушода мепартофтанд.
Ман аз Рухсора талаб кардам, ки боҷуръаттар бошад, ба падараш фаҳмонад, мо самимӣ якдигарро дўст медорем.
– Э, ба кадом руй мегўям, ки маро ба фалонӣ диҳед? Ягон духтари тоҷик ин хел нагуфтаст!... Хайр, аҷаб не, дар шаҳр гўянд, якзайл эътироз мекард вай.
Ман ба шўхӣ гуфтам:
– Бед, ба ҳеҷ кас нафаҳмонда, ҳар ду аз қайди никоҳ мегузарем, аммо чунон ки будем, ба роҳи худ гаштан мегирем. Агар шуморо маҷбуран ба каси дигар доданӣ шаванд, мегўед, ки ана, ман аз қайд гузаштагӣ!
– Аз даҳанатон шамол барад... Мурданам авлотар... Очаю додою хешу табора як тараф монед, ҳафт пушт авлодамон ба ман лаънат мегўяд. Нагўед, ки ҳатто нашунавам! Худо нигоҳ дорад!
– Хайр, бед ба ягон тараф баромада меравем. Ба ғайр аз шумо ба ман ҳеҷ чиз даркор не. Хоҳед, ба Мирзочўл ё Қазоқистону Сибир, ба ҳар куҷо хоҳед...
– боз бештар ҷуръат гирифтам.
Ин ҳам шўхиҳои ба ғаши вай мерасидагӣ буд.
– Ҳим... Дадаю очаам духтарамо мурд гўён азо мекушоянд, – ҷиддӣ ҷавоб медод вай гўё ҳазлро нафаҳмида бошад.
– Баъди як-ду сол меоем, аз гуноҳамон мегузаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё