Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ба дуои бади падару модар гирифтор нашавед. Одам дар дунё рўзи равшан надида меравад,– гуфт вай бо андўҳ, гўё ман ҳозир ўро бо худ гирифта мерафтагӣ бошам.
– Ба ҳамин гапҳо бовар мекунед? – хандидам ман.
– Бовар накарда ҳам бинед. Ба рўи дадаю оча давидагиҳоро дидем-дия... Э, шумо ҳам чира медонед, фақат хондан қатӣ овора.
– Хайр, ин хел бошад, падаратонро розӣ кунед,
– Ҳунаратон бошад, шумо розӣ кунед.
Ҳарду ба чашми якдигар нигариста, ба бечорагиамон табассум мекунем.
Аммо дар таги дили ман оташи умеди номаълуме пинҳон аст. Аз чӣ бошад дилпурам, боварӣ дорам, ки агар Рухсора аз ман руй натобад, чораи ин мушкил ёфт мешавад.
– Як бача аз мо ба шаҳр омада хонду аз ҳамин ҷо як духтара бурд. Тўяш ҳам калон нашуд. Хайр, дар шаҳр тўй додагист, гуфтанд. Сонитар фаҳмидем, ки дадаю очаи духтар розӣ набудааст вай худсарӣ карда, ба ин бача расидаст.
Дадаю очааш ягон бор диданӣ наомаданд. Хайр, ду сол барин ҳар ду хонаю дар карданд, як духтарча ёфтанд. Арўси нағзакак... Аммо ситорааш бо модари шавҳараш ҳеҷ рост наомад... Очаатон дуои бад кунад, ҳеҷ гап не, шираш мегардондаст, аммо агар дада дуои бад кунад, одам берўзӣ мешавад, – гуфт вай ва бо андўҳ оҳ кашид.
– Ба меҳнати муаллимон ҳайфам меояд, – ба нишони маломат сар ҷунбондам ман. – Дар дилатон ҳам ин қадар ҳурофот... тавба... Ин гапро дар назди дигарон нагўед, ки механданд... Дар байни садҳо дилдодаҳо якта нимта бе дуои падару модар ҳам саҳв мекунанд. Ба Инобат нигаред... ана, аз вай ибрат гиред. Бинед, чӣ хел духтар...
– Инобат маъқул бошанд, равед...
– Гап зану муомила шунав, – гуфтам ман ранҷидахотир.
– Ман ба шумо Манучеҳр барин шавед, нагуфтаам-ку! – бидиррас заду бо итоб димоғ тоб дода, аз ман рўяшро гардонд.
Ба миён хомўшие, ки одатан баъди гапгузаронӣ ва андаке озурдагӣ меафтад, афтод ва хеле тўл ёфт.
– Хўш, ман коре карда, падаратонро розӣ карданам даркор, фаҳмидам, – гуфтам ман оқибат муросоҷўёна. Вай дар ҳолате, ки пушташ ба ман буд, табассум кард. – Лекин ба як шарт: шумо ба ман ёрӣ медиҳед.
– Чӣ хел ёрӣ? – рўяшро ба тарафи ман нагардонда пурсид.
– Вақташ расад, мегўям. –Сонӣ, нимшўхию нимҷиддӣ гуфтам: – Эҳ, агар ҳозир даҳ ҳазор сўм пул медоштам. Худам рост ба пеши дадаатон мерафтам.
– Эҳ-ҳа-а! Хобатона ба об гўед! Дадаи ман қалин гуфта намурдаанд. Агар қалин гирифтанӣ мебуданд, ба хондан намефиристоданд. Чунон пул мерехтагиҳо буд… Ба хонаводаи нағз, ба ҷавони бамаънӣ доданианд.
Шуморо кай медонанд, – нигоҳи лоқайди вай ба нуқтаи номаълуме дўхта шуд ва ё чашмашро раҳ бурд, маълум набуд.
– Ин хел бошад, чӣ тавр худамро ба онҳо маъқул кунам? Худам равам, айб аст. Ё дадаам рафта, писари ман бачаи бамаънӣ гўянд?
– Мазоҳ накунед, –гуфт вай ҳам он аз роҳ чашм наканда.

пешина
аз 91
навбатӣ