Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баргеро дар банди зулфаш андармон дидаму даст дароз кардам, ки онро бигирам, вай бо ҳарос як қад парида, аз ҷояш хест.
– Боз ин чӣ гап? Маст-паст-ку нестед? Ман узр гуфта, фаҳмондам, ки барги хушкро аз мўяш гирифтанӣ будам. Сонӣ, ҳар ду чӣ гуна якбора оҳубара барин ҷаҳидани ўро муҳокима карда, бо завқ хандидем.

  1. АҶАБ СИРУ САВДОҲО

Бо шавқи дил ба кор сар кардам. Ба машғулиятҳои семинарӣ пухта тайёрӣ медидам, кўшиш мекардам, ки донишҷўён аз ман қаноатманд бошанд.
Аксарияти шогирдон ташнаи илм, толиби ҷустуҷў ва бозёфт буданд. Баъзан сухан мегуфтаму дар нигоҳи онҳо ифодаи ҳамфикрӣ ва шавқу рағбатро дида, ба ваҷд меомадам. Кўшиш мекардам, ки машғулият ҳамеша пурмазмун ва шавқовар гузарад. Далелҳои бисёр, санаду ном ва иқтибосҳоро аз ёд гуфтанам, ба шогирдон таъсир мекард, зеҳнашонро ковиш дода, илҳом мебахшид. Онҳо ба рағбат омада, китобҳои гуногунеро, ки ман аз онҳо нақл мекардам, ҷуста меёфтанд, мехонданд. Рости гап, ман аз ин фан дар имтиҳон баҳои аъло гирифта бошам ҳам, нимкора бохабар будааму бас. Акнун дар давоми тайёрӣ ба дарс ман ба таври бояду шояд ин фанро омўхтам. Ҳоло шогирдон ҳам дигар хел. Якчанд сол пеш аз ин ба илми растанишиносӣ шавқмандон зиёд набуданд. Беҳтарин шогирдони мактабҳои миёна ба факултетҳои гуманитарӣ, техникӣ ва тиббӣ мерафтанд. Илми биология он эътибореро, ки дар асри гузашта, баъди кашфиёти бузурги Луи Пастер ва Роберт Кох шарафёб гашта буд, кам-кам аз даст медод. Имрўз, махсусан пешрафти илмҳои генетика ва биохимия, аз сари нав ҷавонони қобилиятнокро ба факултетҳои биологӣ шавқманд кард. Албатта, талаботи ҷамъият ҳам бетаъсир нест.
Ҷидду ҷаҳди шогирдон маро хурсанд мекард. Андешаю хулосаҳои аксари онҳо қолибзадаю пеши по афтода набуд. Муаллим шогирди қобилиятнокро аз беқобилият зуд фарқ мекардааст. Одами соҳибистеъдод бештар ҷиҳатҳои торик ва ҳанўз номаълуми ягон масъаларо гўяд, шахси беистеъдод баръакс, фақат он чизҳоеро мегўяд, ки кайҳо исбот шуда, дар он ҷои шубҳа намондааст. Омўзиш ва ҷустуҷўи ҷавонони аз худам се-чор сол хурд ва қисме ҳамсол табиист, ки маро тамом ба худ ҷазб мекард. Онҳо андеша ва таклифҳои ҷиддӣ, баъзан аҷиб ва бебокона пешкаш мекарданд. Ин ҷавонони дорои маънавиёти ҷасур аз рўирост гуфтани тахмину фаразияи худ ибо намекарданд, бо маслиҳату машварат, баҳсу талош дар куҷо бинанд, бемалол ба наздам меомаданд.
Баъзан кас ҳайрон мешавад. Ҳамкорон сад кори савобатонро намебинанду як ғалататонро парчам мекунанд. Ба кас алам мекунад. Сахтгирию серталабии ман ба як қисм донишҷўён ва муаллимон хуш наомаду эътироз карданд. Пеш аз ин, барои баҳои баъзеҳоро паст монданам Исрофилзода ва Обидӣ чанд бор ба ман гапгузаронӣ карда буданд, аммо ман садои виҷдонамро хомўш карда натавонистам.

пешина
аз 91
навбатӣ