Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Ба онҳо як хол зиёд монам, ба дигарон ҷабр мешавад. Баъди ин гуна беадолатӣ чӣ хел ба рўи онҳо менигарам?! Не, барои муаллим адолат силоҳи аз ҳама зарур, бе он вай ҳеҷ аст... Ман донишҷўёни норозиашонро дубора санҷидам. Ба варсоқигўӣ одат кардаанд, дониши аниқ надоранд.
Сипас, якчанд нафар ин гуна баҳои паст гирифтагиҳо бо шикоят ба декан рафтаанду муаллимони мазкур даъвои онҳоро қувват додаанд. Гўё ман китобҳои дар қуттии аттор набудагиро бар хондан ба онҳо тавсия додаам ва саволҳои ман ҳам берун аз барномаи таълим будааст ва ғайра ва ҳоказо.
Ҳамон вақт декан ба онҳо чӣ ҷавоб доданаш ба ман торик монд. Сонитар Наимӣ дар як машварати муаллимон ақидаи онҳоро дар бобати тавсияи китобҳо танқид карда, тариқи кори маро тарафдорӣ намуд.
Баъди як ҳодисаи дигар онҳо дар ин хусус аз сари даъво гузаштанд. Воқеа ин тавр шуд: рўзе ба хонаи муаллимон даромадам, ки декан Обид ва Соледовро ба чӣ коре розӣ карданӣ мешуд.
– Худатон медонед, дина аз курорт омадам. Ба ғайр аз ин, ман намефаҳмам, барои чӣ яку-якбора ба дарси ман медаромадаанд? Мо аз конкурс гузаштагӣ... – Обидӣ дар курсии роҳат нишаста, зону ба зону зада буд.
– Маҳз ба дарси шумо даромаданӣ нестанд, омадаанд, ки бо кори мо шинос шаванд. Ҳозир дарси шумо будаст, – ҷавоб дод Наимӣ. Аммо гапи Обидӣ дар хусуси конкурс ба декан сахт расид магар, баъди лаҳзае бо ҷадвали дарс андармон шудан гуфтанд: – Ду дафъа боз ҳамин ки конкурс сар шуд, шумо бемор мешавед-ку, домулло…
– Ана, ба дарси ин кас дароянд, – Солеҳов гардани дарозашро монанди мурғобӣ ёзонда, ба ман ишора кард.
– Охир, ин кас ассистент, машғулияти семинарӣ мегузаранд. Шумо муаллимони ботаҷриба истода, ба дарси ассистенти навкор таклиф кунем, ректор чӣ мегўянд? – зарда кард Наимӣ.
– Э, намоянда ба дарси мо даромада чӣ мегўяд? Акнун ба мо ақл ёд додан бефоида. Ҷавонон гапи дигар. Инҳоро тарбия кардан даркор. Аз маслиҳати нағз як дунё баҳра мегиранд, – гуфт Обидӣ монанди ҳамеша ба рўи ман нигоҳ накарда. Ин одам чунон бо виқор мегардад, ки салом диҳед, ба зўр сар ҷунбонда мегузараду нигоҳ намекунад, ки салом додагӣ кӣ буд. Вай маро ҳам ҳанўз аз қатори донишҷўён набаровардааст, ягон бор ба рўям нигоҳ намекунад.
– Наврўзов, дарс доред? – Наимӣ ноумедона оҳе кашиду ба ман рў овард.
– Соати аввал буд, гузаштам.
– Ба ҷои ман дароянд, – зуд чораҷўӣ кард Обидӣ.
Наимӣ лаҳзае хаёл карду сонӣ гуфт:
– Тайёр шавед, ба курси якум ба ҷои домулло дароед. Танаффус шавад, донишҷўёнро огоҳ кунед, комиссия медарояд. Аз академия олимон омадагӣ, – декан ба чашмам нигариста, «оё ту тайёрӣ?» гуфтагӣ барин табассум карданду сипас барои тасаллии дил таъкид намуданд: – Барои шумо ин имтиҳони ҷиддӣ. Дар ин хел маврид худатонро нишон диҳед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё