Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман раҳораҳ гўшам ба сухани Манучеҳр, худ ба худ фикр мекардам.
Манучеҳр ҳам аз ягон нобарорӣ, нокомӣ ва ё беадолатӣ ғамгин мешуда бошад? Дар давоми панҷ сол ягон бор дар ҷабини вай гиреҳ надидаам. Осмон ба замин фурў афтад, ҳайрон мешавад, балки «аҷоиб» мегўяд, аммо афсўс гуфтанаш даргумон. Тавба, агар вай ба духтаре ошиқ шаваду маҳбубааш Рухсора барин бошад, «худат ошиқ шудӣ, худат сарҳисобата ёб» гўяд, чӣ кор мекарда бошад?.. Ба ошиқ шудани Манучехр ҳеҷ кас бовар намекунад. Ба ягон духтар ҷазман ошиқ шуданаш ҳам даргумон. Ишқаш ҳам масхарабозӣ... Инобат қатӣ як-ду бор дидам.
– Ҳой, агар ман қатӣ мегаштагӣ бошӣ, ҳушата ба ман кун! – китфаш қатӣ маро такон доду риштаи хаёламро бурид вай.
– Мегўянд, ки ту бераҳбари илмӣ мондаӣ? – худро ба даст гирифтаму бештар барои он ки ягон чиз гўям, аз вай пурсидам.
– Ҳеҷ гап не, сар амон бошад, тоқӣ ёфт мешавад. Ҳозир ба корҳои дигар бандам.
– Чӣ хел корҳои дигар? Агар махфӣ набошад?
– Маҳфили ҳаваскорон, – вай ҳайрон шудани маро дида, гўё шарҳ дод: – Ҳаваскорони санъати нафиса.
Ман бо тааҷҷуб ба рўи вай нигаристам.
– Чӣ, ганда аст?
– Надонам, – гуфтам ман ҳайратам афзуда, сонӣ ақидаамро баён кардам: – Охир ту олим шуданӣ, ягон маҳфили илмиро ба зимма гир.
– Ҳамин қадар дилхун шуда хонаму боз дар маҳфил ҳам гапи илм?.. Не-е, ин қадараш ба мо ҷудо вазнинӣ мекунад. Ту баринҳо дар институт кам не.
Ман хандида ба тасдиқ сар ҷунбондам, яъне, гап зан, гуфтам.
– Хайр, ту аз дусар дилат пур, ки як рўз хиёбони холии институтро ҳайкалат оро медиҳад. Аммо ман чӣ?
– Ин чӣ гуфтагиат? Боз ин гап аз куҷо?
Пай бурдам, ки дар таги ин гапи ҳазлона гуфтагии вай ягон дард ҳаст.
– Надонам, мардум гап мезананд. Ба ту «ҷигари институт» лақаб додаанд.
Аз семинари ту баҳои дуруст гирифтан мушкил будаст. Хусусан, аълочиёнро чашми дидан надоштаӣ. Стипендияашон қариб баробари моҳонаи ман гўён ҳасад мебурдаӣ.
– Манучеҳр! Ҷўра, ҳазл ҳам ба эбаш! – якбора аз қаҳр ларзидам.
– Ҳай-ҳай, худатро дор! – қоҳ-қоҳ зада хандид вай. – Аз ман домангир нашав, ҷўра, ин гапҳоро аз дигарон шунидаму қаҳрам омада, ту барин ба якта-дутааш дарафтоданӣ шудам. Баъд худ ба худ гуфтам, ки канӣ, аввал аз худаш як даҳан пурсам. Мегўянд, ки ҳатто гапи муаллимони калонро ба инобат намегирифтаӣ? Боз гапи мўл... Ана, дар бораи вай... – ба ишораи чашму абрў «маҳбубаат» гуфт.
– Агар ба ғайбати мардум гўш кунӣ, гап бисёр, — гуфтам ман чӣ ҷавоб доданамро надониста.
Дилам ғаш буд, бештар ғаш кард. Ин гапҳо барои одами каму беш таҷрибаи зиндагӣ доштагӣ огоҳии ҷиддӣ буд, аммо ҳамон вақт онро дуруст андешида, хулоса бардоштан ба ёдам ҳам наомад. Чунон ки мегўянд, аз ин гўшам даромаду аз он гўшам баромад.

пешина
аз 91
навбатӣ