Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Пешхизмати ошхона хўрок овард, хўрокро хўрдем, Манучеҳр дар бораи кадом ҳофизи ҷавон ҷоғ зад, аммо ман хотирпарешон менишастаму ба ҷуз тасдиқу инкор ҳарфе намезадам.
– Хайр, биё мон, бало ба пасашон. Бигў, кай тўй мекунӣ? Як бор шикамсерӣ коняк зада, муддаои табъ рақсам! – вай дар ҷои нишастагиаш бо шавқ ба рақс даст кушода, китфҳояшро моҳирона ларзонд.
– Ту ба ман маслиҳат деҳ, чӣ кор кунам? Бо ин духтар сарҳисоби корамро гум кардам... – аз гап гап барояду шояд ягон маслиҳати дуруст диҳад гуфта, аз вазъи муносибатам бо Рухсора ўро хабардор кардам. Дар охир таъкид намудам: – Барои ман фақат як роҳи ҳалли ин мушкил ҳасту бас, ин ҳам дили падару модари ўро ёфта, илоҷе сохта, онҳоро розӣ кардан.
– Дар ин ҷо, дар шаҳр истода, ҳеҷ кор карда намешавад, – гуфт вай қатъӣ, гўё илоҷи корро аниқ медониста бошад. -Меравем. Ба Ҳалқасой рафта, интур аз чапу росташ гузашта, бинем, канӣ. Чӣ кор кардан даркор сонӣ маълум мешавад.
– О, ману ту ба он ҷо чӣ гўён меравем?
– Парво накун... Меравем. Ту баҳузур дар чойхона чой хўрда мешинӣ. Ман худам мефаҳмам. Ягон хешу табори гапфаҳм доштагист? Корро аз вай сар мекунем. Хўш, ба ман нигар... сару либоси дурусттар пўшиданат даркор!
Сонӣ, ман туро ба онҳо номзади илм мегўям, боз ту...
– Не, не, илтимос, бе ҳамин хел «нағмаҳо».
– Ба ин аҳвол як умр азобата кашида гард! – вай дақиқае димоғ тоб дода нишасту сонӣ маслиҳатомез гап сар кард: – Ҳой, Вафо, ҷўраҷон, дар ин хел маврид камтар рангу бор дода, воҳима накунӣ, намешавад. Як мақол ҳаст-ку, бепардоз очаата ба додот нишон нате, мегўянд. Гумонат гапу кори Лайлию Маҷнун ҳамааш рост аст? Нисфаш дурўғ.
– Не, дўстам, бедурўғ, бе ваъдаҳои пуч.
– Шуд! Аммо як имконият аз даст рафт, –баъд замзама сар кард: –Ваъдаҳоо, ваъдаҳои ширинат... Хўш, кай меравем? Пагоҳ равем-чӣ? Рўзи истироҳат, бекорӣ, а?
– Майлаш. Аммо ба куҷо, ба назди кӣ меравем, таъин не, – боз шубҳаи худро гуфтам.
– Э, парво накун! Оба бину мўзая каш, гуфтаанд. Ба деҳааш равем канӣ.
Пурсуҷў карда, одами даркориамонро меёбем. Гап якта: пагоҳ рафтем!
«Рафтем аз ин боғ ҳаҷри ту ҳосил...доғи Ҷудоӣ...»
– Рухсораро хабардор накунам?
– Не-е, корро вайрон мекунӣ. Чӣ, вай рафта талабгорони ман меоянд, пешвоз гиред, мегўяд?! – заҳрханда кард Манучеҳр.
– Аз эҳтиёт пурсидам-дия, –баъди хеле хомўшӣ гуфтам: –Ё ягон одами калонсолтарро ҳамроҳ гирем?
– Мо хостгорӣ намеравем-ку, чӣ даркор? Ин ҳамту, разведка... Натарс, ба ту барин ҷавон ҷон гуфта духтарашро медиҳад. Як бор худата нишон доданат даркор, фаҳмидӣ?
Ҳамин тариқ, Манучеҳр маро дилпур карду ҳар ду ба Ҳалқасой рафтанӣ шудем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё