Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

...Чандест, ки Рухсораро дида, ҳамгап шуданиам, аммо ҳеҷ ҷуръат намекунам. Баъди ин гапу корҳо ману вай дар институт рў ба рў шавем ҳам, аз гуфтугў худдорӣ мекунем. Дар атроф ҳама бепарво мегарданд, механданд, ҳазлу шухӣ мекунанд, дўст медоранд, изҳори муҳаббат месозанд, касе ба касе кордор не. Аммо ба ман чунин менамояд, ки агар бо Рухсора дақиқае ҳамгап шавам, ҳама ба сўи мо менигаранд, тамасхур месозанд, пичир-пичир мекунанд. Аҷаб не, дар асл ин хел набудагист, аммо вақтҳои охир, аз чӣ бошад, ба назари ман ҳамин хел менамояд. Ғалатӣ. Ин ҳол фақат дар тасаввури ман аст, гўям, Рухсора ҳам ҳамин хел мегўяд. Чаро мо ин хел диламонро гиронда мондем, ҳеҷ намефаҳмам.
Ҳоло се-чор рўз боз Рухсораро диданиаму раҳашро мепоям, аммо танҳо дучор намеояд. Оқибат ба воситаи Манучеҳр хоҳишамро ба вай расонида, мулоқот таъин кардам.
Заҳри интизориро аз дилдодагон зиёдтар кас намечашидагист. Интизорӣ аз ҷон кандан бадтар аст, гуфтаанд, инро бешубҳа ягон ошиқи сўхтадил гуфтагӣ. Рухсораро ду соат интизорӣ кашида, бо алам шаб ба хобгоҳ рафтам.
Аз қаҳрам ба Манучеҳр дарафтодам, ки вай таъиноти аниқ надодагист.
Бинобар он, бегоҳирўзи дигар, вақте ки Рухсора омад, ман ўро чандон бо хурсандӣ пешвоз нагирифтам. Вай гуноҳашро фаҳмида, ғубори онро аз дилам бароварданӣ шуд, аммо шўхӣ ба дилам намеғунҷид.
– Духтарбинӣ омадаанд, як даҳан намегўед ҳам, –гуфтам гилаомез баъди он, ки ҳар ду ба роҳи пиёдагарди хиёбон баромадем.
– Кӣ гуфт? Аз кӣ шунидед? – якбора ба ҳаяҷон омад вай.
– Разведкаи мо дар ҳама ҷо кор мекунад.
– Э, гўед, кӣ гуфт?
– Фаҳмидам.
– Аз кӣ фаҳмидед?
– Инаш махфӣ. Сири разведкаро намекушоянд.
Вай қаҳр кардагӣ барин бо нозу итоб аз раҳ бозистоду ба ман пушташро гардонд. Баргашта ба вай рў ба рў шудам, вай боз аз ман рў тофт.
– Оштӣ... Мегўям.
Вай базўр табассум карду ба рўям нигарист.
– Инобат гуфтанд.
– Чиҳо гуфтанд? Аз кӣ шунидаанд? – оҳанги киноядори саволаш равшан буд.
– Вай ба ману шумо дўсти беғараз.
– Дар ҳамин замон дўсти беғараз ҳам ҳаст?!
– Ин хел нагўед.
– Ман ҳайронам, Инобат барои чӣ ба институти мо надаромадаанд.
Наздиктар мешуданд.
– Бас, Рухсора.
Хомўшие, ки дар ин хел вақтҳо ба миён меафтод, дер давом намекард, аммо ин бор ману ў дуру дароз хомўш мондем.
– Хайр, чиҳо гуфтанд?

пешина
аз 91
навбатӣ