Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
– Гапи гуфтагиашонро дар асл шумо бояд мегуфтед. «Харидорон»
омадаанд, чаро хап гаштед? Ё аз раҳ мезанад, гуфтед? – гила кардам ман.
Рухсора аввал қиқирросзанон хандид.
– Гапи ёфтагии дўстатон ҳамин будаст? – вай авзои гирифтаи маро дида, ҷиддитар гашт. – Се кас омада буданд. Ман бехабар, дар танаффус гуфтанд, ки дар таги дар хешонатон мунтазир, тохта баромадаму сонӣ фаҳмидам... Чӣ, калтак гирифта, хай кунам? Диданӣ омадаст, дидан гирад.
– Барои омаданаш ҳеҷ чиз намегўям, ба ман нагуфтанатон...
– Гуфтан қатӣ чӣ мекунед? Беҳуда дилатонро ғаш...
– Садо аз ду даст, Рухсора. Агар ду кас баробар ҳаракат накунем, мушкил.
– Ҷўразода ба хонаи мо рафтаанд, шумо ҳам ба ман нагуфтед-ку?
– Рўзи мерафтагиашонро аниқ накарданд. Ба ҳамроҳашон вобаста буд.
Гуфтаанд, ки сараш банд. Шарм надошта дурўғ мегўянд.
– Дурўғ не. Одати мо, агар аз ягон ҷо умедвори хостгор бошанд, ҳамин хел мегўянд. Хайр, баъзан духтардорон бо ҳамин роҳ мефаҳманд, ки ҷазбан талабгор аст ё не. Рафтан гиранд, сонӣ...
– Ҷўразода амакам намешаванд, ки ҳар ҳафта як бор хостгорӣ фиристонам,
– гуфтам ман ба киноя. Сонӣ ба нармӣ илова кардам: – Он кас ҳам гуфтанд, ки хостгор фиристам. Остонаи духтардор баланд, одам рафту омад қатӣ якдигарро мешиносад, гуфтанд. Лекин сонитар мегўянд.
– Аз коратон гирифтанашон нағз нашуд. Дадаам нафаҳманд-дия, – гуфт вай бо малолат бар ман нигоҳ накарда.
– Ҳеҷ, гап не, барои шумо ман ҳозирам...
– Чӣ гап доштед? – суханамро буррид вай. Изҳори садоқат ба ў маъқул набуд.
– Ҳамин ғавғоро тезтар яктарафа накунем, намешавад. Бовар кунед, ягон кор карда наметавонам... Ҳушам...
– Ман надонам, – гуфт вай аз рўи одат оҳиста китф дарҳам кашида.
Аслан, ман ҳам, вай ҳам ягон гапи муҳимму тоза надоштем, фақат ба баҳонаи дидор сухани чандин борҳо дар байнамон радду бадал гаштагиро такрор мекардем.
– Гўед, ки шуморо ба чӣ хел ҷавон медиҳанд? А?
– Хайр, мисол... ҷавони бамаънӣ... баодоб... падару модар, хешу табораш қатӣ бошад... Ҳамин ҷоӣ...
– Ба падару модар, хешу табори ман чӣ шудаст?
– Охир онҳо қати шумо нестанд-ку, дур.
– Фарқаш чӣ?
– Дар сари кас дадаю очааш бошад, хешу табораш дар гирдаш бошад, андеша мекунад, ба ҳар роҳ намеравад, мегўянд.
– Ҳим-м... Яъне ба ман бовар намекунанд, дилпур нестанд?
– Хайр, одамони нахондагӣ... Расму одати қишлоқ... Духтара ҳаждаҳ сол ба хуни ҷигар калон карда, «ҳа» гўед, «ма» гўён, бароварда диҳанд? Осон не.
Худатон духтардор шавед, баъд мефаҳмед! – вай аз гуфтаи худаш хиҷолат кашида рўяшро ба сўи дигар гардонда хандид.
– Кампирҳо барин гап мезанед.
– Хайр, росташро гуфтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё