Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Шумо як фикр кунед... бепарво нашавед.
– Аз дастам ҳеҷ кор намеояд. Ихтиёри ман дар дасти падару модар. Гуфта будам-ку...
Ман бо меҳр ба вай наздиктар нишастам. Лаҳзае ба ҳам наздик нишастему баъд бархоста, ба тарафи китобхона раҳсипор гаштем. Ба ёдам омад, ки чанде пештар дар таҳдари бино Рухсораро бо як нафар донишҷўи курси сеюм ҳамгап дида будам. Рухсора ба вай саҳифаи китоберо кушода, бо шавқ гап мезаду ҳар ду механдиданд. Баъди ду рўзаш дар долони донишгоҳ онҳоро ҳамгап дидам. Ҳамон вақт ба ин муомилаи онҳо эътибор надода бошам ҳам, сонитар аз касрати бебарорӣ бошад ё асабоният он воқеа диламро харош дода, дар он тухми рашку шубҳа мекошт.
– Ё ягон ҷавони дигар маъқул шуда бошад...?
– Боз ин гапро аз куҷо ёфтед?
– Ягон романи аҷоиб буд аз афташ, а?
– Э-э... Даррав аз ҳамон бача рашк кардед? Тавба. Китоби дарсӣ буд. Дар китобхона набудаст, вай гуфт, ки ба ман ҳозир даркор не, гиред. Агар ин хел бадрашк бошед, рафта аз қишлоқатон ба ягон духтари хонашин….
– Узр. Ман шуморо ранҷонданӣ набудам. Ҳамту, пурсидам. Умуман, вақтҳои охир дилтанг шудаам... Ҳамин корҳо кай яктарафа мешаваду ман хотирҷамъ мешавам.
– Вақту соаташ расад.
– Вақту соаташ расад гўён шинаму боз ду даст ба бинӣ намонам?... Не, ман тарафдори талош, кўшиш... Чӣ кор кунам, дадаам раванд?
– Надонам, – гуфт вай бо табассум ба чашми ман нигариста. –Боз даррав хафа шуда нараванд? Одати мо, агар дил кунанд ҳам, як-ду бор рафтан қати рўмолча намедиҳанд.
– Медонам, дар ҷои мо ҳам ҳамин хел. Сонӣ, як вақт гуфта будед-ку, дар шаҳр як амакатон ҳастанд, ба пеши ҳамон кас равам-чӣ?
– Шумо ба пеши он кас рафтан қатӣ чӣ фоида? Он кас шумора надонанд.
Агар Ҷўразода ҳамон касро ҳамроҳ мебурданд... Аз Ҷўразода илтимос кунед.
– Надонам, розӣ мешаванд ё не... Рўям намешавад. Сараввал нагуфтед...
Хайр, мебинам. Агар нашавад, дадаам мераванд.
Ман лаҳзае ба рўи вай, ба мўйҳои бирешимвор маҳину пурпечухами вай бо меҳр нигариста, хомўш мондам. Вай шармида, мисли ҳамеша бо итоби дилбарона рўяшро ба тарафи муқобил гардонда, аз таъсири ҳусни худ мамнун табассум мекард. Баъд пурсид:
– Мегўянд, ки пагоҳ-фардо ба пахтачинӣ меравем. Шумо ҳам меравед?
– Надонам. Мерафтагистам.
Рухсора эҳсосоташро ҳаргиз кушоду равшан зоҳир намекунад. Ба фикрам, бо ҳамин хислаташ вай аз духтарони дигар фарқ дорад. Кӣ медонад, балки маҳз барои ҳамин ин қадар ўро дўст медорам, дар назарам чунин менамояд, ки дар дунё дигар ягон духтар ҷои ўро гирифта наметавонад. Ҳатто қаҳри вай, норозигию итоби вай, ҳангоми андаке ранҷиданаш бо шаст пушташро гардонда, ба дуриҳо нигариста мағрур табассум карда истодани вай — ҳамааш барои ман бемисл аст.

пешина
аз 91
навбатӣ