Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Ману дадаат ҳайрон шудем. Дар тарафи мо ҳаққи шири модар гуфта як чиз мепартоянд. Не, инҳо чобуканд аз қалини духтар мошин савор шуданӣ.
Дадаам аз ин қабоҳат лаб газида, сар ҷунбонданд.
– Хайр, ҳоло аниқ гап нашудасту ҳамту ишора кард. Вақти дар пеши қавм нон шикастан гапзанон мекунем. Як бало мешудагист, ғам нахўр, – дарёдилона даст афшонданд он кас.
Амакам марди бағоят навчаи зебоандоманд. Қаддашон расо яку ҳаштоду шаш. Ситорагарми гандумгун, чашму абрўсиёҳ, бинии рости теғадор ва нигоҳи равшан доранд. Аз ҳама бештар гардани баҳодуронаи он кас диққати маро ба худ мекашад. Баёзи гарданашон бемуҳобот расо як ваҷаб аст.
– Ҳафтаи дигар рўзи шанбе шаш-ҳафт кас шуда меоему рафта нон шикаста, хотирата ҷамъ карда мемонем. Биринҷ, меваю қандалот, ягон гўсфанд, ё кушта гўшташа меорем, –қарордодашонро ба ман фаҳмонданд амакам.
– Рўзи шанбе ту ҳамин ҷо ҳозир шав, бо ягон кор барояд, сарсон нашавем, – гуфтанд падарам. Азбаски дар хусуси хонадоркунӣ падару писар гап заданаш чандон аз одоб не, ману он кас дар ин боб хомўш будем.
– Сараввал ба ҳавлии каси дигар афтодем, –амакам хандида-хандида тафсилоти сафарашонро ба гуфтан сар карданд. –Аз мошин фуромада ҳавлии Асрорбой кадом, гўён пурсем, як одам ҳавлии сари роҳ бударо нишон дод.
Дарвозаро кўфтем, як духтари қадрас баромад. Дар дилам гуфтам, ки хайрият, худи арўс ҳам ҳамин ҷо будаст. «Ҳавлии Асрор-амак ҳамин аст?»
гўям, «ҳа» гуфт. Бе пўшт-пўшт даромадем. Як мўйсафеди нуронӣ баромад. Ту гуфта будӣ, ки падараш одами миёнсол. Ҳайрон шудам, аммо гап назадам.
Дар як тарафи ҳавлӣ меҳмонхонаи соз доштаст, даромадем, дастархон кушод.
Сонӣ, дар сари чой оҳиста пурсидам: «Амак, агар хато накунем, як духтарчаатон дар институт мехонад-а?» Пиракӣ ҳангу манг шуд. Баъд таги гапа фаҳмиду гуфт, ки саҳв кардед, ҳавлии вай Асрорбои шумо мегуфтагӣ дар домани деҳа, дар пушти осиёб. Сонӣ, узр гуфта баромадем.
Рўзи дигар ман онҳоро ба деҳа гуселонда, худам ба Вахш шитофтам. Зудтар Рухсораро дида, ин хушхабарро ба вай гуфтан мехостам. Рухсораро ба ман медиҳанд! Ин маъниро ба хотир оварда, аз хурсандӣ ба куртаам намеғунҷидам. Ба тамоми дунё ҷор зада, ин хабарро эълон кардан мехостам.
Мехостам, ки ўро бо меҳрубонию муҳаббати худ хушбахт кунам, суханони дилрасе гўям.
Тамоми роҳ дар автобус бо ҳамсафарон гап зада механдидам, латифа мегуфтам. Одами хушбахти дунё будам. Олам дар назарам якбора дигар шуд:
одил ва тандеҳ, меҳрубон ва дилбастанӣ.
Ба қароргоҳамон наздик шудаму дилам сахт-сахт тапидан гирифт. Кошкӣ ҳозир дар ин ҷо донишҷў мебудам! Ба ҳама эълон мекардам, ки аз ҳамин рўз эътиборан Рухсораи нозанин арўсшавандаи ман аст! Зиёфат медодам.
Дар қароргоҳ Исрофилзодаро ҳамроҳи чор нафар духтар дар сари дастархон дида, рости гап ғашам омад, ё рашк кардам, намедонам. Вохўрӣ кардаму густохона бо назари савол ба рўи муаллим нигаристам. Вай маънии нигоҳамро фаҳмиду гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё