Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
– Бечора духтарон монда шудаанд, ду-се рўз дам гиранд. Ман ошпаза ба пахтачинӣ фиристода, ба ҷояш инҳоя мондам.
Чӣ гуна пахта чидани ошпази маъюб – Подабони лангро пеши назар оварда, беихтиёр табассум кардам.
Рухсора гунаҳгорона сар хам карда менишасту аҳён-аҳён ба чашми ман нигариста, мазмун гирифтанӣ мешуд.
– Саркорба гуфтам дусад кило пахта илова мекунад, ба номи инҳо менависем, – муаллим рўзе қариб дусад кило пахта чидани ин духтаронро ба ёд оварда, маро хотирҷамъ карданӣ шуд.
– Чӣ хел? Аз куҷо илова мекунад? – азбаски вазифаам ҳисобдорӣ буд, ҳайрон шуда пурсидам.
– Э-э, шумо ин корҳоро намедонед. Ҳозир як тонна пахта чинем, агар хоҳам, барои ду тонна справка медиҳад. Пахта тар буд, хушк шуд, мегўяд. Кӣ онро ҳисоб карда шиштаст?
Рухсора аввал ба гапам бовар накард. Баъди пурсукови зиёд гуфт:
– Чӣ хел даррав розӣ шудаанд, ҳайронам, – чашмаш ба як нуқта банд гашта, хеле фикр карда монду баъд хоҳиш кард: – Дар ин ҷо ба ҳеҷ кас даҳан накушоед. Агар гўед, сонӣ мебинед! – вай бо нозу адо таҳдид кард. Сипас шармида, нигоҳашро гурезонд. Дар сухани вай ҳоло як оҳанги маҳрамона, муҳаббат ва навозиши то имрўз ба ман ноошноеро пай бурда, аз миннатдорӣ бошад ё дигар ягон ҳиссиёт дар чашмонам об чарх зад.
Баъд аз ин вай тамоман аз ман гурехта мегаштагӣ шуд. Дар роҳ ҳамроҳи духтарон пеш ояд, то салому ҳолпурсӣ карда, гузаштани ман вай суп - сурх шуда, қариб нафасгир мегашт.
Хушбахт будам. Ҷаҳон ҳоло барои ман пур - пур аз шодмонӣ. Албатта, ҳанўз пурра дилам тахт набуд, баъзан нохуни шубҳаи номаълум ким-куҷои синаамро мехарошид, хотирамро парешон карда, ба деги ҷўшони хушнудиам кам-кам оби сард мерехт. Худ ба худ мегуфтам, ки агар ба ин тариқ нигарони хостгори ман бошанд, чаро ин гапро ба нағзӣ нагуфта, ману Манучеҳрро беобрўй карда ронданд? Ҳеҷ намефаҳмам, гапу кори инҳо ба ягон қоидаи мантиқ рост намеояд.
Исрофилзодаро се-чор рўз ба сари курсҳои чорум фиристоданду қасд кардагӣ барин, дар ин миён як дунё моҷаро бархост. Ман ҳар бегоҳирўзӣ пахтаи чидаи донишҷўёнро ҷамъбаст карда, ба штаби факултет мерафтам.
Ҳисобот медодам, дар хусуси кори фардо дастур мегирифтам. Шабе соат қариби ёздаҳ аз штаб меомадам, дар роҳ аз донишҷўёни курси якум як нафар духтару ду тан ҷавон ба ман ҳамроҳ шуданд. Ҳар се ҳам комсорги гурўҳи худ буда, аз бюрои комитети комсомол меомаданд. Ба қароргоҳ расидему таҳдари хобгоҳи бачаҳоро пуродам дида, дилам таҳ кашид. Саросема пеш давидам.
Маълум шуд, ки донишҷўе якбора ба дарде печида, аз по афтодаст. Вай беҳуш, дасту пояш чангак шуда, даҳонаш кафк зада, бачаҳо дасту пояшро дошта меистоданд. Ман фурсатро нагузаронда, ба тарафи саройи пахтаи бригада тохтам. Дар он ҷо ғайр аз саройбони пир каси дигар набуд. Ногоҳ ба хотирам омад, ки дар ҳамин наздикӣ, дар юнучқазор ҳамеша се-чор асп мечарид. Тозон рафта, ишкели яктаашро кушода, ба гардани асп бастам ва онро нухта кардаму беабзор савор шуда ба ҷониби деҳа рох гирифтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё