Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Саллаш аз сараш афтидаю ғелида ду-се қадам дур рафтааст. Он тарафтар боз мурдае, ҷавонаки сафедрӯе пойҳояш луч. Назди мурда хари бордоре ба алафҳо қади чӯӣ тез-тез даҳон мезанад. Бори хар хӯрчину гилему ду-се пӯстак. Яқин хару бори кадоме аз мурдаҳост. Бори дигар аз фикри Мансур гузашт, ки беҳуда Ҷовидро ҳамроҳ овард. Зуднатар аз маркази шаҳр берун рафтан лозим.
Аз назди дарвозаи калони кандакорӣ ва як табақааш кушода гузаштанд. Ду духтарча давида баромада рӯйи зинаҳо истоданд. Ҳарду рӯймоли сабзи нав бастаанд. Аз паси онҳо зани қоматбаланде, ки аз болои рӯймол пешонибанди сафед бастааст, ҳамроҳи сагчаи зард берун баромад. Духтарчаҳо рафтанӣ шуданд, ки зан онҳоро нигоҳ дошт. Сагча домани занро газида ҷониби кӯча мекашад. Зан тарафаш шиддат кард. “Куҷо саросемай, ҳозир меравем”. Сагча боз домани занро ба даҳон гирифта кашид. Мансур Ҷовидро ҳадаҳа кард. Аз дарвоза понздаҳ-бист қадам онсӯтар рафтанд, ки дар наздик таркиш шуд. Мансур Ҷовидро ба замин паҳш кард. Дуди сиёҳи сафед ҳалқа-ҳалқа ба атроф паҳн шуд. Мансур дар аввал дарк накард, ки чӣ воқеа рӯй дод? Дар даруни сараш ҳаргуна садоҳо бархестанд. Гулӯяш сӯзиш мекард. Ба шиддат сулфидани Ҷовидро дида ӯро ба оғуш гирифт. “Худоё, кошки ба кӯдак осеб нарасад” лобза кард дар дил. Дақиқае гузашт ва калавида хест: Ҷовидро, ки аз тарс бо овози баланд гиря мекард, бардошта онсӯтар бурд. “Ин ҷо бомба партофтанд!”, наздарк кард. “Баҷанон, натарс, ман ҳамроҳат” гуфт. Ва дар пеши пояш пораҳои дарвозаро, ки нав аз наздаш гузашта буданд, дид. Фаҳмид, ки таркиш дар хона рӯй додааст. Хеста боз ҳам дуртар рафта дар паноҳи деворе таваққуф кард. Дилаш беҷо мешуд. Хира-хира зану духтарчаҳоро дид, ки аз зинаҳо поин афтида рӯйи замин хобанд. “Наход мурда бошанд?!”- саволе ба сараш омад. Дар ин асно як тӯда гӯсфанд аз даруни дуд калавида баромада, мисле ки кӯр бошанд, худро ба девори хонаҳои ду ҷониб зада, қалапо мешуданд ва боз саросема хеста мегурехтанд. Яке ба Мансур бархӯрд. Мансур худро аз афтидан боздошт ва дид, ки гӯсфандҳо аз дарвозаи хонаи таркида мебароянд. Аз он ҷо як аспи зинкарда ҳам ба шаст баромада, ба тарафи муқобил гурехт. Ҳари бордори пештар дидаам аз паси асп луккӣ зада мерафт. Овози гиряю фиғон баланд шуда ва аз дохили хона чор-панҷ марду зан шитобзада берун омаданд. Баъзеҳо сарашонро медоштанд. Ҳама месулфанд. Ана боз одамон баромаданд. Яке аз китфи зане, ки чашмонаш аз тарс аз косахона баромадаанд, доштааст, дигареро духтарчае кокулакҳояш овезон дар рӯйи дасташ. Марди ғафсаке, ки аз болои курта миёнаш баста буд, духтарчаҳоро дида худро аз зина партофт (шояд афтид), шевану нола ба осмон печид... Ба дили Мансур омад, ки яқин инҳо азми сафар доштаанд. Кӣ таркиш рӯй додааст. Ҳоло дар шаҳр чӣ қадар хонаҳою одамон чунин ҳолатро доранд? Бар падари ҷадидат ҳам наҳлату инқилобовардааст ҳам наҳлаот!
Чеҳраи Ҷовид мисли пахта кандагӣ. Лабонаш кафколуд. Мансур ӯро ба бар гирифта саросема ба роҳ даромада, пичирос зад. “Анде, ки фарзандам сиҳат монад, як гӯсфанд назри ҳазрати Баҳоваддини Балогарддон!” Ва раҳораҳ ҳар дуои ба хотираш омадаро хонда, ба рӯйи Ҷовид куф мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё