Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Сержанти ротаи 2-юми бригадаи 11-ум Манучеҳр Мирзоев лаҷоми аспи сиёҳмушкин дар даст, мунтазири ҷамъ шудани взводаш аст. Аммо асп ба тақозои табиаташ дар як ҷо қарор намегирад. Ҳар дам сум куфтаю фаҳхос мезанад.
Манучеҳр бо овози паст аспро таъна мекунад.
– Ҳамин феҳлат буд, ки дар роҳ шатта хӯрдӣ. Дар вагон ҳама сиҳат омадану ту поятро зада ланг шудӣ. Аз дирӯз то ҳол се маротиба пешоби гарм бастаму нав ба худ омадӣ. Акнун як нафас ақибата зичу гиреҳ карда, тоқат кун! Ту чӣ хел ҳайвонӣ?! Дар дилам задӣ-ку!
Вале сиёҳмушкин мисли писари эрка аст. Ба сухан эътибор намедиҳад.
Гарданашро баланд бардоштаю ҳамчунон пасу пеш қадам мезанад. Чашмони калон-калонаш беқарор. Садое баланд шавад, метурад.
Манучеҳр аз бехи лаҷом дошта дид, ки дигар аспҳо ҳам гарданашонро ба силтав поину боло мекунанд. Мисле, ки дарахтони боғ аз шамоли сахт, хамшуда, рост мешаванд. Семёнов аспи сафедашро юрга дода ҳамин тараф меомад.
Фикр кард, ки ин казак аспбоз будааст. Аз куҷое зини бахмалпӯшу пешбанду пасбанди зархалӣ ёфта, аспашро оро додааст. Лаҷомаш ҳам рангкарда, шояд аз касе харидааст? Сарбозҳо байни худ чунин афзорҳоро хариду фурӯш мекунанд.
Баъзан мешавад, ки аз хонаи бой ё ба истилоҳи худашон, «босмачӣ» ба зӯрӣ мегиранду пас ба савдо мегузоранд.
Дирӯз дар бозори назди дарвоза бачаҳои полки 7-уми тирандоз нақл карданд, ки аз ду корвонсарои шаҳри Ғузор чилу ду уштур ва чанд хари бесоҳибро гирифта нимаша ба роҳи хизмати ақибгоҳ додаанду нимаша бозор бароварда фурӯхтаанд. Дар онҷо корвонсароии бисёр будааст. Дар ҳамааш тойҳои пахта, пӯсти қароқӯл раҳ зада хобанд. Ва дигар коло низ будааст. Чой бисёр будааст.
Бачаҳои полк чойю дигар чизҳо барои худ гирифтаанд. Ҷанги Бухоро тез тамом мешуд худаш ҳам рафта ҳақашро мерӯёнд.
Семёнов наздик шуда, ротаашро саросема мекунад. “Ротаи 3-юм, зудтар!
зудтар! Аспҳоро аз лаҷомашон доред!” Онҳоро ҳангоми аз Оренбург омаданашон ротаи 16-ум мегуфтанд. Баъде ки ба ҳайъати бригадаи 11-ум ҳамроҳ карданд, ротаашон 3-юм шуд.
Ротаи 3-юм дар пеши полк қарор мегирад. Ин рота дар ин тарафҳо аввалин маротиба ба ҷанги воқеӣ медарояд. Пештар аз онҳо батареяи 2-юм ҷойгир аст. Асбобу олоти ҷангиашон омода. Чернов, ки дар пеши қӯшун буд, ақибтар омада, бо сардастаи батарея Дудкин дар гуфтугӯ шуд. Вай пештар аспи абргун дошт. Ҳоло дар болои аспи майгуни хатлихиром савор аст. Ин аспро дирӯз ба ӯ Степанов, сардори роҳи оҳан, тақдим кард. Ба ӯ кадом бойи Бухоро ба ивази он, ки барои колояш вагон додааст, тӯҳфа кардааст.
Дар он сӯйи роҳ дарвозаи баҳашамати Қаршӣ бо бурҷу бораю қаровулхона вуҷуд дошт. Ҳоло як тарафи дарвоза каҷ шудаю бурҷу бораҳо лабу лахт. Аз он ҷо ҳанӯз андак-андак дуди сиёҳтоб баланд мешавад. Аз афташ, шербачаҳо борутро бе баркаш мондаанд. Дарвозаҳои Қаршию Самарқандро соати панҷи пагоҳӣ сарбозони Дудкин тарконданд.
Манучеҳр ба пуштанги аспаш даст бурду ба назараш намуд, ки суст аст; Амони Калтаро дашном дод:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё