Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Пуштанги аспи маро қасдан суст бастӣ?! Хостӣ, ки ғалтида мурам! Э, онаи зората... Аввал худата мекушам! Дар ҷанги ҳаминрӯза напаронамат, номард Манучеҳр не!
    Амонов Амонҳамдеҳаи Манучеҳр аст. Аз рӯйи гуфти худаш, замоне як сол дар мадраса хондааст. Мебинад, ки аз вай мулло намебарояд, мадрасаро мепартояду ба оҳангаре шогирд меистад. Бо ташаббуси Манучеҳр ӯро ба Армияи Сурх мегиранд. Нигоҳубини аспи Манучеҳру Чернов ба гардани Амон аст. Аспҳоро ҳам ӯ наъл мезанад.
  • Сахт карда будам, ака, бехуда кушодӣ. - Амон аспашро кӯтал карда наздик меояд.
  • Ҳой паканаи сволоч! Чанд маротиба гуфтам! - Ман акат не! Ин ҷо хонаи хушдоманат не, ки ақаю ука гӯйӣ! - Сержант гӯй! Рафиқ сержант! - Манучеҳр пуштангро кушода, аз нав сахт бастани шуд.
  • Сволоч нагӯй, фаҳмидӣ! Сволочгӯя ҳамту намемонам. - Амон ин дафъа суст наомад. Ин дам аз ҷониби чап тарқише шуд. (Яқин дарвозаи Мазорро тарконданд) Аспҳо рамидаю худро ба ҳар сӯ заданд. Сиёҳмушкини Манучеҳр, ки лаҷомаш сардода буд, худро ақиб партофт ва озод шуданашро дида, тоб хӯрда, ба шаст ҷониби қабристон гурехт.
  • Ҳэ, зани падарата... Авлоду асҳобата... - Манучеҳр ба мушт ба пешонии Амон зад, ки пояш сурх шуд. - Биллои азим, дар панҷ дақиқа аспро дошта навардӣ, аз пешониат мепаронам! - Ва саросема аспи соҳибаш барин пастак Амонро аз лаҷомаш дошта, дар пеши взвод истод.
  • Ака, дашноми надеҳ, аспат дур намеварад, - гуфт Амон ва аз ақиби асп гурехта давид.
  • Боз “ака” гуфтӣ?! Эҳ, онаи туро ҳам шабу ҳам саҳар...
    Першин, сардастаи ротаи 2-юм, аспаро чорхез занонда назди взвод омад ва ба Манучеҳр пӯписа кард:
  • Ин чӣ гап?! Хиёнат?! Коршиканӣ?! Дар чунин лаҳзае, ки ...
    Манучеҳр мушоҳида кард, ки гурехтани аспро на танҳо Чернов, балки ҳама бригада нигоҳ доранд, аз озору хиҷолатмандӣ ғунҷа шуда чӣ кор карданашро намедонист.
  • Рафиқ лейтенанти калон, нохост гурехт. Амон ӯро дошта меорад.
  • Агар аспро баъд аз оғози ҳуҷум орад, ҳардуят ба суди ҳарбии саҳрой дод мешавед! - Ту ҳамчун душман паронда мешавӣ! - дӯғ зад Першин. Вай дуртар рафта бо ғазаби бештар афзуд: - Назди бригада ротаи 2-юмро шарманда кард.
  • Рафиқ лейтенанти калон, аспи Манучеҳр ба разведка рафт. Вай шаҳрро нағз медонистааст, - шӯхӣ кард лейтенанти взводи якум Загорский.
    Ба Манучеҳр ҳоло шӯхӣ намефорад. Ӯ чашмашро аз асп намеканад. Дӯст изтироб аст, ки мабодо гиреҳи нимбастаи пуштанг кушода шаваду зин афтад.
    Ана баъд шармандагӣ... Асп дар гӯшаи қабристон гашташро суст кард ва по гашт. Манучеҳр аз ғазаб дандон ба дандон монда аз аспас дилхунук шуда, ба замираш ба ӯ муроҷиат кард: “Туро гум мекунам! Дигар даркор нестӣ!” Чернов аз назди батарея ақиб гашта, ба Семёнов, ки ротааш дар пеши кӯпрук истодааст, чизе гуфт, полки мусулмониро гузашта, ба назди ротаи 2-юм омад.
пешина
аз 613
навбатӣ