Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
сӯйи Манучеҳр нигоҳ накард. Ҷанговарони сафкашидаро аз назар гузаронд. Ин дам аз ҷониби дарвозаи Самарқанд низ садои таркиш баланд шуд. Дар рӯбарӯи он дарвоза гурӯҳи Бондаренко қарор дорад. Чернов фармони “Омода шавед!”-ро додаю интизор истод. Аспҳо ором намегирифтанд. Ба қаҳр сулук мехоиданд. Аз байн ҳафт-ҳашт дақиқа гузашту ёрдамчии Рубенов, лейтенанти холдор Морозов, аспашро тозонда омаду ишораи “шурӯъ кунед!” дод.
– Фармони кӣ? – Чернов қасдан пурсид. Ӯ мехоҳад фаҳмад, ки Фрунзе ба Бухоро омадааст ё не.
– Фармон аз ҷониби Рубенов, – гуфт Морозов. – Ва гӯё мақсади ӯро пай бурда бошад илова кард: – Лекин ҳама кор ба фармону дастури Фрунзе аст. Михаил Василевич дар Самарқанд, дар сари телефон нишастааст.
Чернов ба ишораи итоат сар ҷунбонду аспашро ҷониби батарея тозиёна зад. «Маълум мешавад, ки Фрунзе ба Бухоро наомадааст,-фикр кард ӯ.- Шояд пагоҳ ояд. Баъди он ки шаҳрро пурра гирифтем”. Ӯ боз каме истиҳола мекунаду пас аз он ки дуди болои дарвоза бартараф мешавад, ба батарея бо садои мутантан фармони “марш-марш!”-ро медиҳад. Аз ҷониби дарвозаи Самарқанд низ «бо-м! бо-м!»-и тӯпҳо баланд шуданд. Сипас садои раъдосои тӯпҳои дурзан танинандоз гашт. Онҳо аз стансияҳои Когон шаҳрро гулулаборон мекарданд. Гурӯҳи савора низ, ки ба аспҳо савор буданд, фармони “ба пеш-ба пеш!”-ро мегирад. Полкҳо ба роҳ даромаданд. Аз садои суми ҳазорон асп аз замин ғурише бархеста дилатро лабрези истироб мекунад. Полки тирандозе ки дар ақиб қарор дошт, «Урр-а-а! Урр-а-а!»- гӯён садо бароварда меояд. Чернов чилави аспи ба чорхез омадаашро сахт кашида ба резачарпо дошта, ҳамроҳи ротаи 3-юм аз дарвоза даромада, мушоҳида мекунад, ки бурҷу бораҳо пора шуданд ҳар тараф паҳну парешон хобанд. Дар ҷойи чуқуршуда аз куҷое об мерезад. Аз паси чанги роҳ ҳавлиҳои дорои деворҳои баланду болохона ва гачкоришудаи шаҳр намудоранд. Одам надоранд, шояд пеш аз таркиш гурехтаанд? Атроф хомӯшу асроромез аст. Ана он шаҳре, ки дирӯз пурасрору дастнорас менамуд. Дарвозаҳо чунон баланду мустаҳкам буданд, ки пашша пар намезад. Дарвоза бо тӯпу туфанг кушодаи шаҳр мисли он аст, ки фаранҷии занро ба зӯрӣ аз сараш мегири. Давлати Шӯравӣ ки барқарор шуд, дигар на занҳояшон фаранҷӣ мегиранд, на чунин дарвозаҳо лозиманд. Дастаи Семёнов гашташро тез кард. Онҳо беқароранд. Мехоҳанд, ки зудтар сари аспҳоро сар дода, ба мобайни шаҳр расида, душманро пайдо карда, ба ҷанги тан ба тан дароянду қувваю қудраташонро назди мардуми Бухоро намоиш диҳанд. Чернов ба Семёнов расида мефармояд, ки шитоб накунад. Ва худаш ҳам гашти аспашро суст мекунад. Шаҳр ким-чи хел таҳлукаовар аст. Ҳар қадаре, ки зиёд ба дарунтари шаҳр медароянд, ғулбаи дуд ва хонаҳои оташгирифтаро бештар мебинанд. Ба хотири Чернов омад, ки дирӯз дар ҷамъомад ҷавоне аз гурӯҳи ҷавонбуҳориҳо “аэропланҳо бисёр биноҳоро тарконданд, масҷидҳоро сӯзонданд”,- гуфта ҳаёҳӯй бардошта буд. “Дар ҷанг вайронӣ мешавад, сӯхтор мешавад, одамон мемиранд”, ба ин одат кардан даркор, рафиқон ҷавонбуҳориҳо! Ва дар дил ба ӯ муроҷиат кард: “Амир Олимхон магар Бухорои номдор ва тахту тоҷашро ба шумо ба осонӣ медод? Ҳашт-нӯҳ сол шудааст, ки ягон суханатонро ба инобат намегирифт. Бар болояш аз шаҳр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё